Расул Боқиев

Ҷаҳонпаҳлавон Расул Боқиев 35-сола шуд

214
(Таҷдидшуда 14:46 30.09.2017)
Ҷаҳонпаҳлавон Расул Боқиев 29 сентябри соли 1982 ба дунё омадаасст

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ҷудокори номии тоҷик Расул Боқиев, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии соли 2008 ва чандин Ҷоми ҷаҳон, қаҳрамони куштии ҷаҳон, имрӯз 35-сола шуд.

Ба ин муносибат Sputnik Тоҷикистон қарор дод мусоҳибаеро, ки бо Расул Боқиев дар бораи ташкили мактаби самбо дар Маскав дошт, бознашр кунад.

Шаҳраки Олимпӣ (Олимпийская деревня) ноҳияест дар Маскав. Садҳо сохтмони баландошёна, даҳҳо фурӯшгоҳу мактабу кӯдакистон дар ин минтақа ҷой гирифтаанд.

Дар канори онҳо маҷмааи варзише қомат афрохтааст, ки ҳанӯз аз давраҳои Бозиҳои Олимпии соли 1980 машҳур аст, қомат афрохтааст. Волидайн фарзандони худ- қаҳрамонони ояндаро ба ин ҷо барои тамрин меоранд.

— Шумо метавонед ба мо бигӯед, ки мактаби дзюдои Расул Боқиев дар куҷо аст, суол кардем аз маъмур.

— Ана бачаҳо ба назди ӯ ба тамрин мераванд, аз пушти онҳо онҳо равед.

Чуноне маълум шуд, инҳо дермондаҳо буданд. Тамрин аллакай шурӯъ шуда буд. Расул Боқиев дастур медод, ки чӣ гуна машқҳоро бояд анҷом дод. Кӯдакон гӯш мекараданд, маълум буд, ки ҳама ҳаракатҳои варзишӣ  ба онҳо писанд аст. Ба пеш, ба ақиб, "давр занед", давед…

Мо тасмим гирифтем, ки ба онҳо халал нарасонида, аз як тараф ҷараёни тамринро мушоҳида намоем. Гузашта аз ин, мо бояд навор мебардоштем ва акс мегирифтем.

Чашмамон ба ҷевони калони шишагӣ, ки дар толор ҷойгир буд афтод.

Дар дохили ҷевон нишону ҷом ва ифтихорномаҳои Расул Боқиев қатор гузошта шудаанд.

Ҷоизаҳои варзишии Расул Боқиев

Дар ҳамин лаҳза нафаре ба назди мо омад, маълум, ки аз ҳамаашон бузургсолтар аст. Дар танаш кеманои "номӣ", ки дар пушташ тарҳи насабаш намудор буд.

Маълум шуд, ки ӯ дар дигар гурӯҳ машқ мекунад, фақат каме барвақт омадааст.

— Иван (ном иваз шудааст-шарҳ аз идора), муроҷиат кардам ба ӯ. Лутфан бигӯ, шумо чӣ қадар вақт ба тамрини дзюдо машғул ҳастӣ?

— Ду сол. Вале пештар дар назди дигар мураббӣ тамрин мекардам. Ин ҷо ба ман бештар писанд аст.

— Барои чӣ ту маҳз дзюдоро интихоб намудӣ?

— Мехоҳам зӯр ва ҷасур бошам.

— Барои чӣ зӯр будан мехоҳӣ?

— То хешону пайвандонамро муҳофизат намоям.

— Чанд сол дорӣ?

— Ҳаштсолаам. Дар синфи дуюм таҳсил мекунам.

Ин лаҳза машқ анҷом ёфт ва лаҳзаи сӯҳбат бо Расул Боқиев фаро расид.

— Қаблан ман дар мактаби Самбо-70 тамрин мекардам. Ҳамроҳам директори Шаҳраки Олимпӣ- Дмитрий Кузнетсов низ ба машқи бадан машғул мешуд. Маҳз ӯ ба ман пешниҳод намуд, то мактаби бо номи "Расул Боқиев"-ро дар Шаҳраки Олимпӣ таъсис бидиҳам.

— Оё варзишгарони номдорро ба мактабатон даъват мекунед?

— Албатта. Масалан, дорандаи ҷоизаи Бозиҳои Олимпӣ, қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон дар риштаи дзюдо Александр Михайлин ин ҷо машқ мекунад. Ин аз он дарак медиҳад, ки мактаби дзюдои Расул Боқиевро аллакай мешиносанд ва арҷ мегузоранд.

— Шумо аллакай мураббӣ шудед. Гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти варзишии шумо ба анҷом расид. Чӣ эҳсосе доред, ки натавонистед Қаҳрамони олимпӣ шавед?

— Ғамгин нестам. Дар шароите, ки ман қарор доштам ба пуррагӣ қобилияти худро истифода намудам. Ба ман даст надод, то медали "тилло" бигирам, вале ин ҳам бо гуноҳи худам. Дар бозиҳои Олимпӣ ман соҳиби нишони биринҷӣ гардидам, яъне қобилияти ман то ҳамин дараҷа аст. Фикр мекунам, маъно надорад фикр кардан, "чӣ мешуд агар". Озурда шудан лозим нест, ҳамаро чуноне, ки ҳаст бояд қабул кард.

— Беҳтарин лаҳзаи варзишиатонро дар ёд доред?

— Албатта, ин Бозиҳои Олимпии соли 2008 мебошад. Ман натавонистам медали "тилло" бигирам, вале ин бо гуноҳи худам. Бояд боҳуштар мебудам ва аз ҷиҳати истифодаи "тактика" фаъолтар. Ман солҳои зиёд дар Тоҷикистон ба гуштигирӣ машғул будам. Ба амалҳои бапуштзанӣ одат карда будам, бояд "тактика"-ро низ хуб аз худ мекардам. Рақибам аз ман чолоктар буд…

— Шояд фаъолияти варзишиатонро дар бахши  муҳориба бидуни қоида идома диҳед?

— Ин намуди варзиш бароям шавқовар нест. Боре маро ба муҳориба даъват намуда буданд. Ман он ҷо мушоҳида кардам, ки чӣ гуна ду марди азимҷусса якдигарро мезананд. Наонқадар намуди хуби варзиш аст. Дзюдо-гапи дигар, ин намуди зебои варзиш аст, ки фалсафаи худро дорад.

— Дар бахши сиёсат худро санҷиданӣ нестед, монанди ҳамкоратон Дмитрий Носов (дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии 2004, вакили Думаи ФР-шарҳ аз идора.)?

— Ман дар майдон мутахассисам. Кореро, ки ман анҷом медиҳам ба ман писанд аст. Бароям шавқовар аст таҷрибаи худро ба кӯдакон омӯхтан. Ман мехоҳам шогирдонам боиси ифтихори ман ва мактаби Шаҳраки Олимпӣ гарданд. Бо ин роҳ ман метавонам миннатдории худро ба нафароне, ки ба ман бовар карданд, баён намоям.

— Шумо тайи чанд соли охир дар Русия кору зиндагӣ мекунед. Тоҷикистонро ёд накардаед?

— Зиндагӣ ҳамин тавр сурат гирифт, яъне онро бояд имрӯз ва дар ҳамин ҷо қабул кард. Имрӯз ман ба машқ додани кӯдакон машғулам ва миннатдории худро ба нафароне, ки дар ин роҳ ба ман кӯмак карданд, то худро дар зиндагӣ пайдо кунам, баён менамоям. Дар Тоҷикистон мураббиёни соҳибихтисос ҳастанд. Боварӣ дорам, ки онҳо муваффақ мешаванд.

— Хуб, агар варзишгар аз Тоҷикистон ба наздатон барои тамрин биёяд, қабул мекунед?

— Албатта. Ман дар мактабам ҳамаро қабул мекунам. Варзишгари номӣ ё навомӯз. Аз ҳама муҳимаш ман бояд донам, барои чӣ ӯ назди ман меояд. Ӯ хоҳиши қаҳрамон шудан дорад, ё танҳо қавӣ будан. Ин ба муайян кардани ҷараёни тамрин кӯмак мекунад.

Ва агар намояндаи мактаби Расул Боқиев дар мусобиқа дастболо гардад, яъне мо дар роҳи рост ҳастем.

214
Барчаспҳо:
35 сола, рӯзи зодрӯз, Расул Боқиев, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Дипломи Расул Боқиев ё омодагӣ ба тарки фаъолияти варзишӣ
Расул Боқиев: Агар раҳбарони одил медоштем, ман имрӯз дар Тоҷикистон будам...
Расул Боқиев: Нарасидани маблағ ба варзишкорони тоҷик баҳонае беш нест
Расул Боқиев Наврӯзро ба ҳаммеҳанон ва тоҷикони Русия табрик гуфт
Хабиб Нурмагомедов

Шарҳи Кремл дар бораи мулоқоти Путин бо Нурмуҳаммадов

639
(Таҷдидшуда 15:53 27.10.2020)
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия хабарҳо дар бораи дидор ва мулоқоти Владимир Путин бо размикор Ҳабиб Нурмуҳаммадовро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков тасдиқ кардааст, ки Владимир Путин бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC мулоқот хоҳад кард, аммо санаи дақиқи ин дидор ҳоло мушаххас нашудааст, хабар додааст РИА Новости.

Қаблан президенти Русия Владимир Путин тавассути телефон Ҳабиб Нурмуҳаммадовро бо пирӯзӣ дар набард бо Ҷастин Гетҷии амрикоӣ табрик гуфтааст.

"Дар ҳақиқат, президент гуфт, ки ин ҳатмист, вақте худи Ҳабиб каме истироҳат мекунад ва вазъи эпидемиологӣ ... ором мешавад, онҳо ҳатман мулоқот хоҳанд кард", - гуфт Песков дар посух ба пурсиши журналистон оид ба имкони мулоқоти президент бо варзишгар.

Ёдовар мешавем, шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд.

Баъди пирӯзӣ Ҳабиб эълон кард, ки дигар ба майдони набар нахоҳад омад ва ин охирин рақобаташ буд, зеро ба модараш ваъда додааст, ки дигар ҷанг нахоҳад кард.

Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Коршинос дар бораи қарори Ҳабиб: бе падараш ӯ наметавонист ба қуллаҳои баланд расад

Дар пайи пирӯзӣ бар Гейҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда аст.  Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод.

Охирин парвози Уқоб: Ҳабиб пас аз мубориза бо Гетҷи "карера"-ашро ҷамъбаст кард

Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.

639
Барчаспҳо:
Кремл, Дмитрий Песков, Владимир Путин, размикор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё шомил шуд

283
(Таҷдидшуда 14:48 27.10.2020)
Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов тайи чанд сол аст пай дар пай ба рейтинги мусалмонони бонуфузи ҷаҳон шомил карда мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Пажуҳишгоҳи исломии Уммон исми қаҳрамони UFC дар вазни сабук ва варзишкори муҳорибаи омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба феҳрасти "500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2021" шомил кардааст.

Муаллифони таҳқиқот Нурмуҳаммадови 32-соларо ба рӯйхати 450 нафари сол дохил кардаанд. Ин размикори доғистонӣ тайи чанд сол аст, ки пай дар пай ба рейтинги мусалмонони бонуфузи ҷаҳон шомил карда мешавад.

Варзишкори шикастнадида 29 набардро бо ғолибият пушти сар карда, имрӯз аз беҳтарин  размикори сайёра ба шумор меравад.

Набарди охирини ӯ шаби 25 октябр - бар зидди Ҷастин Гетҷии амрикоӣ сурат гирифт.

Ҳабиб пас аз пирӯзӣ эълон кард, ки тарки майдон мекунад, зеро ба модараш ваъда додааст, ки дигар ба майдон намебарояд.

Дар баробари Ҳабиб ҳамзамон исми футболбоз-ҳамлагари бошгоҳи "Ливерпул" ва мунтахаби Миср Муҳаммад Салоҳ низ шомил шудааст.

Маълум шуд, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз хатми “карера”-аш чӣ кор хоҳад кард-видео

Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон қарор дорад. Пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдул-Азиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.

Охирин парвози Уқоб: Ҳабиб пас аз мубориза бо Гетҷи "карера"-ашро ҷамъбаст кард

Ёдовар мешавем, ки TOP-500 аз бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон сар аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад.

283
Барчаспҳо:
размикор, мусалмон, рейтинг, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Ҳукумат ҳаҷми буҷаи 2021-ро гуфт: барои кадом соҳа чанд пул?

0
(Таҷдидшуда 19:54 27.10.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон имрӯз лоиҳаи қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023-ро баррасӣ кард, ки тибқи он буҷаи соли оянда аз имсола 1,6 миллиард зиёдтар мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Даромад аз ҳисоби чӣ?

“Бо дарназардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2020 ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ё 5,1 фоиз зиёд ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур тавзеҳ дод, ки таъмини нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ дар ҳаҷми 18,8 миллиард сомонӣ бо афзоиши 890 миллион сомонӣ, воридоти маблағҳои ғайриандозӣ 1,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 110 миллион сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Таъкид гардид, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишварро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 барои ин соҳаҳо 13,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки он 47 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Барои кадом соҳа чанд сомонӣ?

“Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаҳои маориф дар ҳаҷми беш аз 5,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 592 миллион сомонӣ, тандурустӣ 2,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 509 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 миллиард сомонӣ бо барзиёдии 262,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 69,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст”.

Дар ҷаласаи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва бо дарназардошти таъсири пандемияи бемории КОВИД-19, дар чунин шароити ҳассос барои ноил гардидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати Тоҷикистон татбиқи мутавозини сиёсати буҷету андоз ва пулию карзиро зарур шумурдааст.

Ӯ назди масъулин барои иҷрои саривақт ва босифати барномаву нақшаҳои зиддибуҳронии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат, барои зиёд намудани даромади буҷет пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, кам намудани бакияпулиҳои андозӣ ва пешгирии пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин, баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, суръат бахшидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси корхонаҳои нав бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот ва дар ин асос зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ вазифаҳо гузоштааст.

0
Барчаспҳо:
давлатӣ, буҷа, даромад, Тоҷикистон