Унвон ва ҷоизаи нақдӣ: арҷгузорӣ ба медоловарони Бозиҳои осиёӣ

© Фото : НОК РТСборная Республики Таджикистана в Ашхабаде
Сборная Республики Таджикистана в Ашхабаде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маросими супоридани ифтихорнома ва ҷоизаҳои нақдӣ ба варзишкорони тоҷик дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ дар намудҳои куштӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Имрӯз, дар шаҳри Душанбе аз варзишкороне, ки дар панҷумин Бозиҳои осиёӣ медол ба даст овардаанд, қадрдонӣ шуд.

Ин бозиҳо аз 16 то 27 сентябр дар пойтахти Туркманистон дар шаҳри Ишқобод баргузор шуда буданд.

Тоҷикистон аз рӯи теъдоди медолҳо дар миёни 62 кишвар ҷойи 17-ум ва аз рӯи шумораи умумии медалҳо мақоми 8-умро ишғол кард.

Яке аз барандагони медали тилло дар 5-умин Бозиҳои Осиёӣ Акмалиддин Каримов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин мавсим барояш бисёр бобарор буд.

© Фото : Национальный олимпийский комитет РТВарзишкорони тоҷик дар маросими ҷоизасупорӣ
Варзишкорони тоҷик дар маросими ҷоизасупорӣ - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Варзишкорони тоҷик дар маросими ҷоизасупорӣ
© Фото : Национальный олимпийский комитет РТВарзишкорони тоҷик дар маросими ҷоизасупорӣ
Варзишкорони тоҷик дар маросими ҷоизасупорӣ - Sputnik Тоҷикистон
2/3
Варзишкорони тоҷик дар маросими ҷоизасупорӣ
© Фото : Национальный олимпийский комитет РТВарзишкорони тоҷик дар маросими ҷоизасупорӣ
Варзишкорони тоҷик дар маросими ҷоизасупорӣ - Sputnik Тоҷикистон
3/3
Варзишкорони тоҷик дар маросими ҷоизасупорӣ
1/3
Варзишкорони тоҷик дар маросими ҷоизасупорӣ
2/3
Варзишкорони тоҷик дар маросими ҷоизасупорӣ
3/3
Варзишкорони тоҷик дар маросими ҷоизасупорӣ

"Барои чандум бор дар қаҳрамонии самбои Тоҷикистон пирӯз шудам ва дар Бозиҳои Осиёӣ медоли тилло ба даст овардам. Ин дастовардҳо бароям бисёр бузурганд. Акнун бояд барои дар мусобиқаҳое, ки имсол баргузор мешаванд, аз ҷумла қаҳрамонии ҷаҳон, омода шавам", — гуфт Акмалиддин.

Ба варзишкорони медалдор ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин, 5 варзишкор аз миёни ҷоизадорон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо унвонҳои варзишӣ сарфароз гардиданд.

Аз ҷумла, ба Ҷомии Ҳасан (самбо) унвони Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, ба Самадова Миҷгона (кикбоксинг), Хоҷазода Беҳрӯз (самбо), Мунавваров Мубориз (самбо) ва Ибрагимов Сиёвуш (кикбоксинг) Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд. Ҳамчунин, варзишгарони ҷавону умедбахш Ҳалимзода Салимҷон (гуштини озод) бо унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиқов Разиаллоҳ (дзюдо) бо унвони Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.

Аз Тоҷикистон дар ин бозиҳо 125 варзишкор ширкат кард. Миллипӯшони тоҷик аз Ишқобод бо 51 медол, аз ҷумла 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ, баргаштанд.

Медолҳои тиллоро Мижгона Самадова дар риштаи кикбоксинг ва Акмалиддин Каримову Беҳрӯз Хоҷазода дар риштаи самбо ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0