Вазнабардори тоҷик Муҳаммадалӣ Мирзоев қаҳрамони ҷаҳон шуд

CC0 / Pxhere / Штанга, архивное фото
Штанга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкори тоҷик дар мусобиқоти вазнабардорӣ рӯи нимкат қаҳрамони ҷаҳон шуд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Варзишкори тоҷик Муҳаммадалӣ Мирзоев дар мусобиқоти вазнабардорӣ рӯи нимкат қаҳрамонии ҷаҳон шуд.

Ин зӯрозмоиро Федеросюни ҷаҳонии вазнабардории сабук (World raw powerlifting federation) дар Маскав баргузор кард.

В СТОЛИЧНОМ ПАРЛАМЕНТЕ ЧЕСТВОВАЛИ ЛУЧШИХ МОЛОДЫХ САМБИСТОВ - Sputnik Тоҷикистон
Варзишкори тоҷик Анушервон Назарзода аз Думаи Маскав ҷоиза дарёфт кард

Муҳаммадалӣ Мирзоев дар вазни 82,5 килуграм қаҳрамони ҷаҳон шуд. Вай дар ин мусобиқот ду медоли тилло — якеро дар вазнабардории қудратӣ ва дигареро дар вазнабардорӣ рӯи нимкат — ба даст овард.

Ин варзишкори панҷикандӣ дар вазни 82,5 кг рекорди ҷаҳониро шикаст ва қаҳрамони мутлақи ҷаҳон шуд.

Дар ин мусобиқа 2 ҳазор вазнабардор аз 32 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон, Олмон ширкат карданд.  

© Фото : Sport in Tajikistan TAJIK FIGHT CLUBМирзоев Мухаммад-Али, архивное фото
Мирзоев Мухаммад-Али, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мирзоев Мухаммад-Али, архивное фото
Лентаи хабарҳо
0