Манучехр Джалилов был признан лучшим игроком кубка АФК-2017

Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин бозингари Ҷоми АФК-2017 дониста шуд

73
(Таҷдидшуда 12:55 07.11.2017)
Ба ин муносибат Манучеҳр Ҷалиловро муовини президенти ФФТ Хуршед Мирзо шодбош гуфт ва туҳфаҳои хотирмон супорид

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ҳамлагари тими "Истиқлол"-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов, ки дар сабқатҳои Ҷоми АФК-2017 дар умум 9 тӯбро ба ҳадаф расонидааст, беҳтарин бозингари сабқат дониста шуд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ин муносибат Манучеҳр Ҷалиловро муовини президенти ФФТ Хуршед Мирзо пас аз ба анҷоми Ҷоми Осиё-2017 шодбош гуфта, ба вай туҳфаҳои хотирмон супорид.

Ҳамчунин Хуршед Мирзо ба  мухлисони тими "Истиқлол" барои дастгириҳояшон  дар сабқатҳо, хусусан дар Ҷоми АФК-2017 изҳори миннатдорӣ баён кард.

"Пеш аз ҳама ба мухлисони "Истиқлол" мехоҳам изҳори миннатдорӣ баён кунам, ки ба хотири дастгирии мо ба ин варзишгоҳ омадаанд. Ҳарифонамонро низ бо пирӯзӣ шорбош мегӯям. Барои ман ва командаам ин дувумин маротиба аст, ки то давраи ниҳоӣ мерасем, аммо ба ҳадаф намерасем. Ин бозӣ аст ва ҳамааш дар пеш аст. Умедворам, ки минбаъд низ то давраи ниҳоии Ҷоми АФК хоҳем расид ва ғолиб хоҳем шуд",- қайд кард ӯ.

Ёдоварӣ мекунем давраи ниҳоии Ҷоми АФК-2017 бо сабқати "Истиқлол" ва "Эйр Форс дар майдони варзишии шаҳри Ҳисор ба анҷом расид. Дар ин бозӣ Тоҷикистон бо ҳисоби 0:1 аз ҳарифаш мағлуб шуд.

73
Барчаспҳо:
беҳтарин бозингар, Ҷоми АФК-2017, Истиқлол, Манучеҳр Ҷалилов, Тоҷикистон