Шахматная доска, архивное фото

Шатранҷбози тоҷик дар Қазоқистон комёб шуд

27
(Таҷдидшуда 17:27 30.11.2017)
Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев дар мусобиқаи бонуфузи "Павлодар Опен" бо дастоварди 7,5 имтиёз аз даҳ бозӣ мақоми дувумро соҳиб шуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар ин мусобиқа се шатранҷбози дигар — бузургустод В. Бурмакин ва устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Д. Оболенский аз Русия ва устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ А. Аҳмадов аз Қазоқистон низ 7,5 имтиёз ба даст овардаанд ва чун Д. Оболенский бартарӣ дошта, ғолиби ин мусобиқа эълон шуд, гузориш медиҳад "ТоҷикТА".

Бародари Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев — Мустафохоҷа низ дар ин мусобиқа 6 имтиёз ба даст овардааст.

Дар ин мусобиқа камобеш 100 шатранҷбоз, аз он ҷумла 7 бузургустод ва 28 устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ва устоди варзиш, ширкат карданд. "Аз ин нигоҳ, метавон гуфт, ки натиҷаи ба даст овардаи шатранҷбози тоҷик комёбии назаррасест барои ӯ ва дар маҷмуъ барои шатранҷи Тоҷикистон", — ёдоварӣ кардааст ТоҷикТА.

Пас аз ин мусобиқа Муҳаммадхоҷа боз соҳиби 8,5 имтиёз гардид ва акнун дар радабандӣ бо 2459,5 имтиёз дар миёни шатранҷбозони тоҷик пас аз бузургустод Фаррух Амонатов дар мақоми дувум қарор гирифтааст.

Ҳамчунин шоёни зикр аст, ки ин шатраҷбози боистеъдоди тоҷик порсол дар миёни шатранҷбозони Осиёи Марказӣ пирӯз гардида, ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфта буд, ки ин ҳам баёнгари яке аз шатранҷбозони неруманди минтақа будани ӯст. 

27
Мавзуъ
Варзиш ба ҳам меорад: мусобиқаи шоҳмот дар Маскав
Мутриба Ҳотамӣ ғолиби озмуни "Зеботарин шоҳмотбоз" гардид
Зеботарин шоҳмотбоздухтар дар Узбакистон зиндагӣ мекунад
Шоҳмотбози тоҷик дар Қазоқистон медал ба даст овард