Сборная Таджикистана по ушу, архивное фото

Варзишкорони навраси тоҷик аз Ҷоми ушуи Урупо дар Русия 12 медол ба даст оварданд

27
(Таҷдидшуда 19:52 22.12.2017)
Дар зӯрозмоиҳо миёни наврасони 13 - 16-сола ушукори тоҷик Муҳаммадхоҷа Аҳмадов медоли тилло ба гардан овехт ва Саидафзао Икромов медоли биринҷии зӯрозмоиҳо миёни наврасони 7 - 9-соларо ба даст овард

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Дар мусобиқоти Ҷоми ушуи Урупо, ки чанде пеш дар Санкт-Петербург баргузор шуд, дастаи размикорони навраси тоҷик 12 медол ба даст овард.

Ба гузориши Федеросиюни ушуи Тоҷикистон, дар ин мусобиқот варзишкорони наврас аз Тоҷикистон, Русия, Укроин, Узбакистон, Белжик, Олмон ва дигар кишварҳо зӯромзӣ карданд.

Барномаи ин мусобиқот иҷрои ҳаракоти ҳунарҳои размии чинӣ бо ҷангафзор ва бе ҷангафзорро дар бар мегирифт.

Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқот Мирзодалер Хуршедзода, Муҳаммадхоҷа Аҳмадов, Нигина Ҷалолова ва Саидафзал Икромов ширкат доштанд. Ушукорони тоҷик дар ин мусобиқот 8 медоли тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.    

Чунончи, дар зӯрозмоиҳо миёни наврасони 13 — 16-сола ушукори тоҷик Муҳаммадхоҷа Аҳмадов медоли тилло ба гардан овехт ва Саидафзал Икромов медоли биринҷии зӯрозмоиҳо миёни наврасони 7 — 9-соларо ба даст овард. Нигина Ҷалолова ду медоли тилло аз мусобиқоти бонувон дар гурӯҳи 17 — 30-солаҳоро ба гардан овехт.

Мирзодалер Хуршедзода дар панҷ ришта аз ин мусобиқот медоли тилло ба даст овард ва Ҷоми қаҳрамони мутлақи мусобиқотро низ бо худ бурд.

27
Барчаспҳо:
ҳунарҳои размӣ, ушу, Федеросиюни ушуи Тоҷикистон, Саидафзал Икромов, Нигина Ҷалолова, Муҳаммадхоҷа Аҳмадов, Мирзодалер Хуршедзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Варзишкор Муин Ғафуров қаҳрамони самбои размии ҷаҳон шуд
Қаҳрамони ҷаҳон Беҳрӯз Хоҷазода варзишкори сол эълом шуд
Алишер Усмонов аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ хост варзишкорони покбозро ба орзӯяшон бирасонад
Коршинос: масъулин бояд барои қаҳрамон кардани варзишкор шабу рӯз кор кунанд
Пуштибонии молии давлат аз варзишҳои размӣ дар Тоҷикистон мамнуъ шуд
Шаш медоли тиллои варзишкорони тоҷик дар сабқати ҷудо дар Қирғизистон
Мақоми аввали варзишкорони тоҷик дар сабқати байналмилалии куштии озод