Сабқати волейбол барои дарёфти Ҷоми Рустам Эмомалӣ

Дастгоҳи раисҷумҳур ва дигар вазоратҳо барои Ҷоми шаҳрдор рақобат мекунанд

71
(Таҷдидшуда 15:32 25.01.2018)
Дастаи дастгоҳи раисҷумҳур ва дигар вазоратҳо дар Душанбе барои дарёфти Ҷоми Рустам Эмомалӣ дар риштаи волейбол рақобат мекунанд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии шаҳрдорӣ хабар медиҳад.

Дар ин сабқат волейбоздухтарони 25 даста, аз ҷумла Дастгоҳи раисҷумҳур, БМТ, Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ширкат мекунанд.

1 / 2
Соревнования по волейболу между министерствами в Душанбе

Ҳамчунин дастаҳои Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва кор бо занон, Агентиҳои омор ва маводи нашъаовари назди раисҷумҳур, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия (РТСУ), мақомоти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Додгоҳи шаҳри Душанбе ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" қувваозмоӣ менамоянд.

Мусобиқаи волейбол аз 6 январи соли 2018 оғоз шуда дар остонаи Рӯзи модарон ҷамъбаст мешавад.

Гуфта мешавад, ки ғолибони мусобиқа 6 марти соли 2018 — дар арафаи Рӯзи модар муайян гардида, бо "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" ва ҷоизаву мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳадафи баргузории сабқат тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни бонувони гуфта шудааст.

71
Барчаспҳо:
волейбол, Рӯзи модар, сабқат, Душанбе

Макгрегор аз муҳорибаҳо барканор шуд

278
(Таҷдидшуда 15:50 26.01.2021)
Варзишкори номии муҳорибаҳои омехтаи ирландӣ Конор Макрегор муддати зиёде аз муҳорибаҳо канор мемонад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Варзишкор Конор Макгрегор ба наздикӣ ба майдагон бар намегардад. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии MMAJunkie хабар медиҳад.

Феълан, маълум аст, ки Конорро ним сол аз бозиҳо маҳрум карданд.

Ба ин хулоса табибон омаданд, ки вазъи саломатии Макгрегорро арзёбӣ намуданд. Бино бар иттилои табибон, гумон меравад, ки ӯ чанд захми ҷиддӣ бардоштааст.

Гуфта мешавад, шояд Макгрегор  устухони почаашро лат дода бошад. Ҳамин тавр, варзишкорро бо далелҳои тиббӣ аз муҳорибаҳо муваққатан барканор карданд.

Конор дар ҳолате ба майдон баргашта метавонад, ки захмҳои ҷиддӣ набошанд ва дарҳол табобат шаванд.

Ёдрас мешавем, мушкилӣ бо саломатии Макгрегор дар пайи муҳорибааш бо варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ба миён омад. Бори нахуст дар карйерааш, ирландӣ бо накаут бохт.

Сарфи назар аз бохт: Конор аз Поре дида бештар маблағ мегирад

Конор дарҳол пас аз бозӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба "ҷанг" даъват кард ва гуфт, ки агар варзишкори русиягӣ баргардад, омода аст, боз бо вай муҳориба кунад.

278
Барчаспҳо:
барканорӣ, варзишгар, муҳориба
Пояс чемпиона UFC

Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт

985
(Таҷдидшуда 22:58 24.01.2021)
Имрӯз номзадҳои эҳтимолӣ барои унвони қаҳрамонӣ дар як мусобиқа ширкат варзиданд. Муборизаи яке аз онҳо шомро пеш мебурду задухӯрди дигар рӯйдоди бузург буд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.

Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.

Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.

"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.

Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.

"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.

Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.

Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.

 

 

985
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, қаҳрамонӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC
Избранный президент КР Садыр Жапаров и экс-глава государства Сооронбай Жээнбеков. Архивное фото

Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов даъват шуд

0
(Таҷдидшуда 17:28 26.01.2021)
Ғайр аз президенти ба истеъфорафта - Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии президенти нави Қирғизистон, Роза Отунбоева ва чанде аз номзадҳои пешин ба маснади президентӣ, даъват шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Собиқ президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии кишардори навинтихоб Содир Ҷабборов даъват шудааст. Ин хабарро сухангӯи президент Галина Байтерек таъйид кард.

Ба гуфти ӯ, ба маросим савгандёдкунӣ Роза Отунбоева ва чанде аз номзадҳои пешин ба мақоми президентӣ даъват шудаанд.

Жээнбеков, ки се сол дар сари қудрати Қирғизистон буд, пас аз ҳодисоти моҳи октябри соли 2020 ба истеъфо рафт. Содир Ҷабборов, ки он замон иҷрокунандаи вазифаи президент буд, қарор дар бораи собиқ президенти кишвар будани Жээнбековро имзо кард.

Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири ин кишвар таъйин гардид.

Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид

Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Акнун маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.

0
Барчаспҳо:
Қирғизистон, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, маросим