"Локомотив Помир" аз "Панҷшер" шикаст хӯрд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкОфициальный мяч чемпионата мира по футболу 2018 Telstar 18.
Официальный мяч чемпионата мира по футболу 2018 Telstar 18. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни дастаҳои футболи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва «Локомотив Помир»-и Душанбе дар доираи даври якуми Ҷоми ФФТ бозӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон  иттилоъ доданд, футболбозони дастаи "Панҷшер" аз оғоз то анҷом бозиро дар ихтиёр дошта, ба дарвозаи рақибон чор гол равон намуданд. Бозингарони дастаи футболи "Локомотив Помир" низ ба задани ду гол муваффақ шуданд. Дастаи футболи "Панҷшер" даври якуми Ҷоми ФФТ-ро бо пирӯзӣ оғоз кард.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои дигари даври якуми Ҷоми ФФТ бо чунин натиҷа хотима ёфтанд: дастаи "Помир"-и Душанбе бар дастаи футболи "Истаравшан" —и Истаравшан бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Дастаи футболи "Истиқлол"-и Душанбе бар дастаи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дастаи футболи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода бар дастаи футболи "Ашт"-и Ашт бо ҳисоби калони 5:0 ғолиб омад.

Таджикские футболисты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Навид: футболбозони тоҷик дар Ҷоми Осиё-2018 Кореяи Ҷанубиро бо натиҷаи 7:0 шикаст доданд

Хотиррасон менамоем,ки бозиҳои гурӯҳи "А" дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ва гурӯҳи "Б" дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида истодаанд.

Ба иттилои мақомоти Лигаи футболи Тоҷикистон, ба марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ ба ҷойи дастаи "Барқчӣ"-и Ҳисор дастаи "Локомотив-Помир"-и Душанбе роҳ дода шуд. Зеро дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки аслан аз ҳисоби бозингарони дастаи "Барқчӣ" таркиб ёфтааст, ҷамъомади таълимиву тамриниашро дар Туркия мегузаронад.

Тибқи дастури мусобиқот, барои Ҷоми ФФТ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба нимфинал мебароянд. Баъдан ғолибони бозиҳои нимфиналӣ дар финал рақобат мекунанд. Дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ҳалкунандаи Ҷоми ФФТ 16 феврал баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0