Аҳмадзода ба беҳтарин варзишкорони Суғд ҷоизаи пулӣ супорид

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба 55 варзишкори беҳтарини Суғд дар маросими тантанавӣ аз ҷониби мақомоти вилояти Суғд мукофоти пулӣ аз 500 то 2000 сомонӣ супорида шуд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд маросими мукофотсупорӣ ба беҳтарин варзишкорон баргузор шуд.

Дар маросими қадрдонӣ аз варзишкорон, раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, раҳбарони мақомоти ҳикмияти давлатии вилоят, омӯзгорону устодони донишгоҳҳову макотиб ва мураббиёну варзишкорон ширкат карданд.

Ба 55 варзишкори беҳтарини Суғд дар маросими тантанавӣ аз ҷониби мақомоти вилояти Суғд мукофоти пулӣ аз 500 то 2000 сомонӣ супорида шуд.

Соли 2017 аз вилоти Суғд дар сабқатҳо беш аз 3100 варзишкор аз ҷумла 480 духтар дар 100 сабқати ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин 404 варзишкор. аз ҷумла 13 зан дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат кардаву мақомҳои намоянро ишғол кардаанд.

Ҳамин тавр беҳтарин нишондодро Комроншоҳ Устопириён бо гирифтани ҷойи аввал дар қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо, Ҷаҳон Қурбонов-мақоми сеюм дар сабқати Осиё оид ба бокс дар Узбакистон, Асрор Воҳидов-ҷойи аввал дар қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба муштзанӣ, Кристина Прожненко-қаҳрамони чандин сабқатҳо оид ба варзиши сабук ва Суҳроҷ Азизов-ғолиби сабқат аз рӯи куштии румӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0