Тоҷикистон дар ҷадвали ФИФА як зина боло рафт

© AP / Steffen SchmidtЛоготип ФИФА, архивное фото.
Логотип ФИФА, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи футболбозони мунтахаби Тоҷикистон дар ҷадвали ФИФА як зина боло баромаданд. Ҳоло дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо касби 255 хол дар зинаи 124-ум қарор дорад

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Тоҷикистон дар ҷадвали ФИФА як зина боло рафтааст. Ҳоло дастаи мунтахабаи футболбозони тоҷик дар ФИФА соҳиби 255 хол мебошанд. Федератсияи байналмилалии футбол   рӯйхат ё  раддабандии нави дастаҳои мунтахабро нашр намуд. Дар ин раддабандӣ дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон як зина боло рафта, дар мақоми 124-ум ҷой гирифт.

Бино бар иттилои  Федератсияи футболи Тоҷикистон  ҳоло дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо касби 255 хол дар зинаи 124-ум қарор дорад.

Дастаи мунтахаби  Олмон бо касби 1609 хол садрнишини ҷадвал мебошад. Дар зинаи дуюм дастаи мунтахаби Бразилия бо 1489 имтиёз ва дар ҷойи сеюм дастаи мунтахаби Португалия бо касби 1360 хол ҷойгир шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0