Комроншоҳ Устопириён: ҳамеша кӯшиш мекунам, ки парчами Тоҷикистони азизамро бардорам

Обуна шудан
Ин варзишкори номӣ соли дувум аст, ки дар сабқати бонуфуз медали тилло ба даст оварда, номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардорад

ДУШАНБЕ, 9 апр- Sputnik. Ҷудокори номдори тоҷик Комроншоҳ Устопириён рӯзи 8 апрел дар сабқати бонуфузи Гран-при-2018 дар Туркия ("Grand-Prix Antalya 2018") пирӯзии мутлақро ба даст оварда, номи Тоҷикистонро бори дигар дар арсаи байналмилалӣ боло бардошт.

Ёдрас мешавем, ин варзишкор соли гузашта низ дар "Анталия Гран-при 2017" ғолиб омада буд.

Имсол Комроншоҳ дар рақобати ниҳоӣ бо қаҳрамони ҷаҳон дар куштии ҷудо Неманҷа Маҷдов аз Сербистон рақобат карда, рақиби худро мағлуб кард.

Пас аз ин пирӯзӣ паҳлавони тоҷик, Тоҷикистон миёни 50 кишвари иштирокдор ба зинаи 8-ум баромад.

Ҷудокор пас аз пирӯзӣ дар саҳифаи фейсбукии худ аз мухлисонаш барои дастгириашон миннатдор шудааст.

Комроншоҳш афзудааст, "доим кӯшиш мекунад, ки парчами Тоҷикистонро боло кунад".

"Миннатдории худро ба тамоми мухлисон мерасонам.  Бахшиши зиёд, ки ба ҳама посух (барои шодбошӣ-идора) дода натовонистам. Хело суханҳои самимӣ аз ҳар гӯшаву канори дунё ба ман расиданд. Ҳамеша кӯшишам ин аст, ки парчами давлати азизамро бардорам!!!",- менависад паҳлавон.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо беш аз 300 варзишкор аз 50 кишвар миёни ҳам рақобат карданд.

Комроншоҳ Устопириён 7-уми январи соли 1993 дар Кӯҳистони Масчо ба дунё омадааст. Ӯ дар соли 2015 факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. Аз соли 2012 машқи ҷудо мекунад. Пештар самбо ҳам машқ мекард. Мураббии аввалаш падараш Усто Устопиров аст. Вай ҳамчунин бо ду мураббии дигар Фаридун Устопириён ва Владимир Елчанинов машқ кардааст.

© Youtube / SAREZ TJКомроншо Устопириён завоевал "золото" Гран-при Анталии-2018
Комроншо Устопириён завоевал золото Гран-при Анталии-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Комроншо Устопириён завоевал "золото" Гран-при Анталии-2018
Лентаи хабарҳо
0