Тоҷикистон дар раддабандии FIFA дар ҷойи 118-ум қарор гирифт

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкФутбольный мяч,архивное фото
Футбольный мяч,архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар ҷадвали Федератсиони байналмилалии футбол шаш зина боло рафта дар байни 211 кишвар бо 271 имтиёз дар ҷойи 118-ум қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA 6 зина боло рафт. Раддабандии нав рӯзи 12 апрел дар торномаи расмии FIFA нашр шудааст.

Ҳаимн тавр, мунтахаби футболи Тоҷикистон мувофиқи ҷадвали Федератсиони байналмилалии футбол шаш зина боло рафта дар байни 211 кишвар бо 271 имтиёз дар ҷойи 118-ум қарор гирифтааст.

Дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё бошад, Тоҷикистон мақоми 22-юмро соҳиб шудааст.

Дастаи мунтахаби Олмон бо касби 1533 хол садрнишини ҷадвали FIFA мебошад. Дар зинаи дуюм дастаи мунтахаби Бразилия бо 1384 имтиёз ва дар ҷойи сеюм дастаи мунтахаби Белгия бо 1346 имтиёз қарор гирифтаст.

Ёдоварӣ мекунем, ки пештар Тоҷикистон бо касби 255 имтиёз дар зинаи 124-ум қарор дошт.

Лентаи хабарҳо
0