Акмал Холматов. Акс аз бойгонӣ

Холматов фаъолияти худро дар лигаи якуми Узбакистон идома медиҳад

52
(Таҷдидшуда 15:30 16.04.2018)
Акмал Холматов дар ҳоли ҳозир бо дастаи футболи "Андиҷон" дар лигаи якуми қаҳрамонии Узбакистон баромад мекунад

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар мавсими гузашта Акмал Холматов дастаи худро иваз кард — ӯ аз "Суғдиён" ба "Андиҷон" гузашт. Дастаи вай дар лигаи якуми Узбакистон баромад мекунад.

Мавсими 2017-ро Акмал Холматов ҳамроҳи дастаи худ бо ҷои сеюм ба анҷом расонд. Пас аз 34 даври гузашта, дастаи вай 72 хол ба даст овард. Холматов аксар вақт дар ҳайати асосӣ бозӣ мекарду, ба дастаи худ фоидаи зиёд меовард.

Дар мавсими нави лигаи якум, ки шурӯъ аз ин сол тағйири ном кардаву ба Про-лига табдил ёфтааст, 16 даста қувваозмоӣ мекунанд. Сабқат дар ду давр мегузарад, ки дар онҳо 30 мусобиқа баргузор мегардад.

Дастаи пирӯзи мавсими оянда дар Суперлигаи кишвар ширкат хоҳад кард. Дастае, ки медалҳои нуқрагиро ба даст меорад, барои баромадан ба Суперлига бо дастае қуваозмоӣ мекунад, ки дар зинаи 11-уми Суперлига ҷойгир аст.

Дар ду даври аввала "Андиҷон"-и Холматов ду ғалаба ба даст овард: бар "Машъал" — 2:0 ва бар "Истиқлол" — 4:0. Дасати ӯ бо шаш хол дар чемпионат пешсаф аст.

Соли гузашта Холматов барои иштирок дар Ҷоми КОФ ба дастаи "Истиқлол" даъват шуда буд. Футболбоз дар чемпионати Тоҷикистон фақат дар чор бозӣ ширкат кардаву ду гол задааст. Пас аз ин вай боз ба Узбакистон баргашт.

Хотиррасон мекунем, ки Холматов фаъолияти касбии худро соли 1993 дар дар дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода сар карда буд. Дар ин даста то соли 1996 бозӣ мекард ва ҳамон сол ӯ ба Узбакистон гузашта, бо дастаи "Нефтчи"-и шаҳри Фарғона шартнома баст. Холматов дар ҳайати "нефтчиён" яке аз пешсафон гардида, сонитар капитан низ шуд.

Акмал Холматов то охири соли 2007 дар 301 бозии дастаи "Нефчӣ" иштирок карда, 69 гол задааст. Ҳамин тавр, вай яке аз собиқадортарин ва нишонрастарин бозингар дар таърихи даста ба шумор меравад. Соли 2001-ум якҷоя бо "Нефтчӣ" бори аввал чемпионати Узбакистонро бурид.

Холматов инчунин 8 маротиба медалҳои тиллою нуқраи чемпионати Узбакистон, 5 маротиба медалҳои Ҷоми Узбакистонро ба даст овардааст. Ҳамроҳ бо ҳайати дастаи мазкур, вай дар мусобиқоти футболи осиёвии дараҷаҳои гуногун ширкат кардааст.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Акмал Холматов нахустин бозии расмии худро соли 2003 гузаронид. Бори охир футболбоз моҳи ноябри соли 2007 дар бозӣ бо дастаи миллии Сингапур даъват шуда буд. Дар маҷмӯъ, Холматов дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 16 бозӣ карда, 2 гол задааст.

52
Барчаспҳо:
варзиш, футбол, Акмал Холматов, Узбакистон, Тоҷикистон