Бо як тир: пирӯзии дастаи "Истиқлол" бар "Аҳал" Туркманистон. Навор

© Sputnik / Амир ИсаевФинальный матч Кубка АФК-2017 между клубами "Истиклол" - Таджикистан и "Эйр Форс" - Ирак
Финальный матч Кубка АФК-2017 между клубами Истиклол - Таджикистан и Эйр Форс - Ирак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ягона голро дар ин бозӣ Фатҳулло Фатҳуллоев бозигари дастаи футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар дақиқаи 51-ум ба ҳадаф расонид

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2018 дастаи "Истиқлол"  Душанбе дар меҳмонӣ бар тими "Аҳал" Туркманистон дастболо шуд, хаба медиҳад равобити умумии ФФТ.

Бозӣ дар варзишгоҳи "Ашқобод" бо ширкати 18,5 ҳазор мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.

"Тӯби ягонаро дар дақиқаи 51-ум капитани "Истиқлол" Фатҳулло Фатҳуллоев ба нишон расонд".

Ин пирӯзии 4-уми "Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 буда,  футболбозони тоҷик бо касби 13 имтиёз дар гурӯҳи "D" пешсафанд.

Агар имрӯз "Олтин Асир" Туркманистон дар вохӯрӣ бо "Олой" Қирғизистон дар майдони худ бозиро бой диҳад ё мусовӣ анҷом диҳад, "Истиқлол" пеш аз муҳлат ба даври дигари мусобиқа роҳхат мегирад.

Бозии охирини давраи гурӯҳӣ рӯзи 16 май доир гардида, "Истиқлол" дар майдони худ "Олтин Асир" ва "Олой" Қирғизистон "Аҳал-ро қабул мекунад.

Лентаи хабарҳо
0