Бозигарони дастаи Хуҷанд

Шикасти "Истиқлол" аз дастаи "Хуҷанд"

123
(Таҷдидшуда 15:15 25.05.2018)
Чаҳор голи дастаи "Хуҷанд"-ро Ҳасан Рустамов, Фарҳод Тоҳиров, Ҳикматулло Расулов ва Дилшод Бозоров ба ҳадаф расонидаанд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нимаи дуюми рӯзи 24-уми май дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд бозии миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Истиқлол" баргузор шуд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати Суғд.

Ин бозӣ бо ҳисоби 4 – 3 ба фоидаи соҳибони майдон, дастаи "Хуҷанд" ба анҷом расид.

Дар дақиқаи 21-уми бозӣ футболбози дастаи "Истиқлол" Николай Зенко ҳисобро боз кард.

Дар дақиқаи 24–ум Нозим Бобоҷонов голи дуюми меҳмонро ба ҳадаф расонд. Муаллифи голи сеюми дастаи "Истиқлол" Ромиш Ҷалилов гардид.

Ҳасан Рустамов, Фарҳод Тоҳиров, Ҳикматулло Расулов ва Дилшод Бозоров муаллифони голҳо аз дастаи "Хуҷанд" гардиданд.

Ҳамин тариқ "Хуҷанд" дар ҷадвали мусобиқа бо 23 имтиёз пешсаф гардид. "Истиқлол" дар зинаи дуюм ва "Хатлон"-и Бохтар бо 13 имтиёз дар зинаи сеюм қарор доранд.

123
Барчаспҳо:
шикаст, пирӯзӣ, дастаи "Истиқлол", Дастаи футболи "Хуҷанд", Хуҷанд, Тоҷикистон
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Қуръакашии чемпионати футболи Осиё-2020: рақиби мунтахаби кишвар ки хоҳад буд?

168
(Таҷдидшуда 09:45 04.06.2020)
Қуръакашии чемпионати Осиё-2020, ки дар он дастаҳои ҷавонони (U-16) ва ҷавонони (U-19) Тоҷикистон рақибони худро хоҳанд шинохт, рӯзи 18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи ФФТ, қуръакашии чемпионати Осиё-2020 миёни наврасон соати 17:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад ва қуръакашӣ барои чемпионати Осиё барои мунтахабҳои ҷавонон соати 19:30 баргузор мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабади  қуръакашӣ барои финали Чемпионати Осиё-2020-ро эълон кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо тимҳои Баҳрайн, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар сабади аввал қарор гирифт.

ФФТ мегӯяд,  ин маънои онро дорад, ки мунтахаби мо бешубҳа бо ин дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии чемпионат бозӣ намекунад.

Тибқи тақвими АФК, чемпионати Осиё байни наврасони зери 16-сола аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар сабқати Чемпионати Осиё-2020 дар якҷоягӣ бо дастаҳои Япония, Австралия ва Индонезия, ки бо онҳо, бешубҳа, дар ин мусобиқот дар ҳамон гурӯҳ бозӣ намекунанд, дар сабади дуввум ҷойгир шуданд.

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

Чемпионати Осиё байни ҷавонон 2020 бояд аз 14 то 31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор шавад.

Бояд қайд кард, ки чаҳор дастаи беҳтарини чемпионатҳои наврасон ва ҷавонони Осиё- 2020 ба мусобиқоти  ҷаҳонии соли 2021 роҳхат мегиранд, ки мутаносибан дар Перу (U-17) ва Индонезия (U-20) баргузор мешаванд.

168

Бо риояи масофа: футзалбозони Тоҷикистон ба тамрин баромаданд

134
(Таҷдидшуда 15:37 03.06.2020)
Маъмурияти дастаи футзали Тоҷикистон аъзои дастаҳоро даъват намудааст, ки чунин машқҳои инфиродиро бо иштироки ками варзишгарон ва дар вақтҳои алоҳида баргузор намоянд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, давоми чанд рӯзи охир футзалбозони Лигаи касбии футзали кишвар, ки дар дастаҳои гуногун, аз ҷумла дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ  менамоянд, тамринро барои оғози мавсими нави футзал сар карданд.

Таъзияномаҳои ФФТ: аз фавти бародари котиби генералӣ то довар Қосимов-аксҳо

Тибқи иттилои ин ниҳод футболбозон бо риояи масофаи байни ҳамдигарӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ ба машқҳо пардохтаанд.

Бино ба гузориши ФФТ, маъмурияти дастаи футзали мамлакат аъзои дастаҳоро даъват намудааст, ки чунин машқҳои инфиродиро бо иштироки ками варзишгарон ва дар вақтҳои алоҳида баргузор намоянд.

Раҳмон дар Хуррамзамини Данғара майдончаи варзишии универсалиро ба истифода дод

Манбаъ афзуда, ки аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ марҳила ба марҳила ба тамрин шурӯъ карда, ба ғайр аз баргузории машқҳо дар хона, инчунин дар майдончаҳои варзишӣ низ чунин тамринҳоро баргузор менамоянд.

134
Барчаспҳо:
вируси нав, Футбол, шаҳри Кӯлоб
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Актер Михаил Кокшенов.

Даргузашти ҳунарманди советӣ - Михаил Кокшенов

0
(Таҷдидшуда 18:13 05.06.2020)
Сабаби вафоти ҳунарманд то кунун муайян нашудааст. Кокшеновро мардум бо нақшҳои муассираш дар филмҳо мешиносанд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Михаил Кокшенов - ҳунарманди шӯравӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Russia Today хабар медиҳад.

Даргузашти писари хурдии қаҳрамони Тоҷикистон аз коронавирус ва бемории писарбузургаш-ак

Аз даргузашти ҳунарманд шоира Любов Воропаева хабар додааст. Михаил Кокшенов дар синни 83-солагӣ даргузашт. Сабаби фавти ҳунарманд то ҳол маълум нест.

Кокшенов бо нақшҳояш дар филмҳои "Спортлото - 82", "Самая обаятельная и привлекательная", Ширли-мырли" ва дигарҳо машҳур аст.

0
Барчаспҳо:
ҳунарманд, даргузашт, Русия