Бозии Реал - Атлетико

Бори сеюм: "Реал" ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шуд

60
(Таҷдидшуда 13:15 27.05.2018)
Бозии даври ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА шаби 26-уми май дар варзишгоҳи “Олимпийский”-и Киев - пойтахти Украина баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дастаи "Реал"-и Испания дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА бар тими "Ливерпул"-и Англия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. 

Нимаи аввали бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Ҳисобро баъди танаффус Карим Бензема пас аз хатои дарвозабони "Ливерпул" Лорис Кариус дар дақиқаи 51-ум боз кард.

Баъди чор дақиқа Садио Мане ҳисобро баробар намуд.    

Дар дақиқаи 64-ум Гарет Бэйл, ки се дақиқа пеш баъди таъвиз ба майдон омада буд, бо голаш "Реал"-ро ба пеш баровард. Бэйл голи севуми испаниҳоро баъди боз як хатои дағали Кариус ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тавр, "Реал" барои севумин бор паиҳам бо ҳисоби 3:1 ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА гардид.

Бори охирин соли 1976 "Бавария"-и Олмон се бор паиҳам барандаи ин мусобиқот шудааст (1974-1976).  

60
Барчаспҳо:
пирӯзӣ, Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, Ҷаҳон, Киев
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Қуръакашии чемпионати футболи Осиё-2020: рақиби мунтахаби кишвар ки хоҳад буд?

168
(Таҷдидшуда 09:45 04.06.2020)
Қуръакашии чемпионати Осиё-2020, ки дар он дастаҳои ҷавонони (U-16) ва ҷавонони (U-19) Тоҷикистон рақибони худро хоҳанд шинохт, рӯзи 18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи ФФТ, қуръакашии чемпионати Осиё-2020 миёни наврасон соати 17:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад ва қуръакашӣ барои чемпионати Осиё барои мунтахабҳои ҷавонон соати 19:30 баргузор мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабади  қуръакашӣ барои финали Чемпионати Осиё-2020-ро эълон кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо тимҳои Баҳрайн, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар сабади аввал қарор гирифт.

ФФТ мегӯяд,  ин маънои онро дорад, ки мунтахаби мо бешубҳа бо ин дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии чемпионат бозӣ намекунад.

Тибқи тақвими АФК, чемпионати Осиё байни наврасони зери 16-сола аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар сабқати Чемпионати Осиё-2020 дар якҷоягӣ бо дастаҳои Япония, Австралия ва Индонезия, ки бо онҳо, бешубҳа, дар ин мусобиқот дар ҳамон гурӯҳ бозӣ намекунанд, дар сабади дуввум ҷойгир шуданд.

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

Чемпионати Осиё байни ҷавонон 2020 бояд аз 14 то 31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор шавад.

Бояд қайд кард, ки чаҳор дастаи беҳтарини чемпионатҳои наврасон ва ҷавонони Осиё- 2020 ба мусобиқоти  ҷаҳонии соли 2021 роҳхат мегиранд, ки мутаносибан дар Перу (U-17) ва Индонезия (U-20) баргузор мешаванд.

168

Бо риояи масофа: футзалбозони Тоҷикистон ба тамрин баромаданд

134
(Таҷдидшуда 15:37 03.06.2020)
Маъмурияти дастаи футзали Тоҷикистон аъзои дастаҳоро даъват намудааст, ки чунин машқҳои инфиродиро бо иштироки ками варзишгарон ва дар вақтҳои алоҳида баргузор намоянд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, давоми чанд рӯзи охир футзалбозони Лигаи касбии футзали кишвар, ки дар дастаҳои гуногун, аз ҷумла дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ  менамоянд, тамринро барои оғози мавсими нави футзал сар карданд.

Таъзияномаҳои ФФТ: аз фавти бародари котиби генералӣ то довар Қосимов-аксҳо

Тибқи иттилои ин ниҳод футболбозон бо риояи масофаи байни ҳамдигарӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ ба машқҳо пардохтаанд.

Бино ба гузориши ФФТ, маъмурияти дастаи футзали мамлакат аъзои дастаҳоро даъват намудааст, ки чунин машқҳои инфиродиро бо иштироки ками варзишгарон ва дар вақтҳои алоҳида баргузор намоянд.

Раҳмон дар Хуррамзамини Данғара майдончаи варзишии универсалиро ба истифода дод

Манбаъ афзуда, ки аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ марҳила ба марҳила ба тамрин шурӯъ карда, ба ғайр аз баргузории машқҳо дар хона, инчунин дар майдончаҳои варзишӣ низ чунин тамринҳоро баргузор менамоянд.

134
Барчаспҳо:
вируси нав, Футбол, шаҳри Кӯлоб
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро

Нашри китоби нави Раҳимзода ва тавсифи Хайрандеш аз он

0
(Таҷдидшуда 17:28 05.06.2020)
Нашриёти "Эр-Граф" котиби тозаи вазири умури дихилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодаро, ки бо тахаллуси Ниҳонӣ шеър менависад, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Нашриёти “Эр-Граф” китоби нави ашъори шоир Ниҳониро, ки тахаллуси вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аст, бо номи "Асрори  инсонӣ" ба нашр расонид, хабар додааст Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Китоби  мазкур суруду  таронаҳои  тозаэҷоди  шоир  Ниҳониро  дар  бар гирифтааст, ки  ҳамзамон  ба  забони  чинӣ низ  тарҷума  гардидаанд.

Китоби мазкурро хонандагон  метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд. Китоб бо сарсухани узви   Иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон, шоири маъруф Хайрандеш чоп шудааст.

“Шоир  Ниҳонӣ  дар  арсаи  адабиёти  муосири  тоҷик  яке  аз адибонест,    ки  бо  нигоштаҳои  ватандӯстонаи  худ  ободӣ  ва  пешрафту шукуфоии  Тоҷикистони  соҳибистиқлолро   бо  ҷаззобияти  махсус  васф  мекунад", - навиштааст Хайрандеш.

Номаи сипоси сафири Куриё ба Рамазон Раҳимзода: барои наҷоти сайёҳ-акс

 Шоир  дар  ашъораш  таърих,  фарҳанг  ва сиёсати  пешгирифтаи  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро   аз  даврони  соҳибистиқлол  гаштани мамлакат  то  имрӯз  вобаста  ба  ҳар  як  санаҳои  муҳими  сиёсӣ  сари вақт  ва  таъсирбахшу  нишонрас   ифода    кардааст.

Пештар Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба суоли хабарнигорон, ки чигуна дар ин мақоми серташвишу пурмасъулият фурсат барои эҷоди шеъру шоирӣ меёбад, посух дод, ки асосан шабона ба эҷодиёт машғул мешавад.

“Баъди соати 8-9 ҳар чизе лозим бошад менависам, пешниҳод мекунам”, - изҳор дошт Раҳимзода ва таъкид намуд, ки он ба фаъолияти корияш вобастагӣ надорад.  

Вазир - шоир: генерал Раҳимзода фурсати шеърнависияшро гуфт - навор

Ин дар ҳолест, ки қаблан театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ достони "Дили модар"-и шоир Ниҳониро ба саҳна гузошта буд. Ин достон аз саргузашти як ҷавони тоҷик, ки ба гурӯҳи ифротӣ пайваста, дар охир модари худро ба қатл мерасонад, нақл мекунад.

Инчунин пештар хабар дода шуд, ки ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев шеъри "Эҳёи дӯстӣ"-и Ниҳониро оҳанг баст.

 

Ин шеъри вазири умури дохилии Тоҷикистон ба барқарор шудани муносибатҳои хуби Тоҷикистону Узбакистон бахшида шуда, пас аз сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи март ба Тоҷикистон расонаӣ гашт ва онро Афзалшо Шодиев ҳангоми сафари ҳунарӣ ба кишвари ҳамсоя иҷро кард.

0