Собиқ мурабии тими  Терек Рашид Раҳимов, акс аз бойгонӣ

Варзишкори тоҷик Рашид Раҳимов - номзади асосӣ ба вазифаи сармураббии "Арсенал"

193
(Таҷдидшуда 15:58 30.05.2018)
Ҷои кори охирини мутахассиси 53-сола дастаи футболи "Терек" буд, ки бо он вай дар мавсими-2016/17 ҷойи 5-умро ишғол намуд. Қаблан Рашид Раҳимов сармураббигии дастаҳои “Амкар” ва “Локомотив”-ро ба ӯҳда дошт

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Номзади шумораи як ба вазифаи сармураббии дастаи футболи "Арсенал", ки пас аз истеъфои Миодраг Божович озод шудааст, Рашид Раҳимов ба шумор меравад.

Ҷои кори охирини мутахассиси 53-сола дастаи футболи "Терек" буд, ки бо он вай дар мавсими-2016/17 ҷойи 5-умро ишғол намуд. Қаблан Рашид Раҳимов сармураббигии дастаҳои "Амкар" ва "Локомотив"-ро ба ӯҳда дошт.  

Таъкид мекунем, ки пештар роҳбарияти дастаи "Арсенал" номзадии Дмитрий Аленичевро баррасӣ карда буд, вале пас аз он, ки дастаи "Енисей" тавассути бозиҳои иловагӣ ба ЛФҲР роҳхат гирифт, ӯ, ба эҳтимоли зиёд, дар дастаи Красноярск хоҳад монд.  

Худи Рашид Раҳимов хабари роҷеъ ба он, ки метавонад дастаи "Арсенал"-и шаҳри Туларо сарпарастӣ кунад, ба ВАО Русия чунин шарҳ дод:

"Шумо чаро инро аз ман мепурсед? Ин ҷо беҳтар аст, ки ба роҳбарияти даста муроҷиат намоед. Ҳеҷ кас бо ман тамос нагирифтааст. Ҳанӯз ман нақша надорам, ки ба фаъолияти мураббигӣ баргардам. Ман омодаам, вале ҳар кас фикру андешаи худро дорад. Агар пешниҳоди хуб шавад, ман онро мавриди тасмим қарор медиҳам. Дар соли охир ман вақтамро беҳӯда нагузаронидаам. Ба чанд даста барои коромӯзӣ рафта будам, аз қабили — "Наполи", "Лацио", "Хоффенхайм" ва ғайраҳо. Мебинем, ки дар оянда чӣ хоҳад шуд, вале бори вазнини касе шудан намехоҳам", —гуфтааст вай ба расонаҳои Русия.

Дар айни замон, дастаи "Балтика"-и шаҳри Калининград қарордоди худро бо сармураббии тоҷикистонияш Игор Черевченко, бо мувофиқати тарафайн, тамдид надод.

"Аз Игор Геннадевич барои кор бо ДФ "Балтика" сипосгузорем ва дар касбу кори мураббигияш муваффақият мехоҳем", — гуфта мешавад дар иттилоъ.

Игор Черевченко дар робита ба нақшаҳои ояндааш ибрози назар кард.

"Ин як тасмими мутақобила буд, ҳеҷ чизи бештар илова карда намешавад. Ба ватани падариям — Тоҷикистон — парвоз мекунам, дар он ҷо мусобиқот бояд гузаронд. Замони баргаштан ҳама чиз равшан хоҳад шуд. Шумо мехоҳед пурсед, ки "Оё пешниҳодот буданд?". Бале, буданд, занг заданд, вариантҳо чӣ аз Русия ва чӣ аз кишварҳои хориҷӣ ироа шуданд. Вале алъон ман чизеро баррасӣ намекунам, ба кори дигар машғулам", — зикр кард Черевченко ба ВАО ФР.

Хотиррасон мекунем, ки Игор Чернеченко зимистони соли 2017 сармураббии дастаи "Балтика" таъйин шуда буд. Дар зери роҳбарии мутахассиси 43-сола "Балтика" ҷои панҷуми ҷадвали Лигаи миллии футболи кишварро ишғол намуд. Яқинан, ин ба даста ҳаққи иштирок дар бозиҳои иловагӣ барои баромадан ба мавсими ояндаи ЛФҲР-ро дода натавонист.

193
Барчаспҳо:
варзишкор, Рашид Раҳимов, Тоҷикистон