"Сомон Эйр" ба мухлисони футбол ду билети Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон ҳадя мекунад

© Sputnik / Pavel Lisitsyn / Гузариш ба медиабонкБилеты на ЧМ-2018
Билеты на ЧМ-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Сомон Эйр" ва Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳоди махсус доранд, ки тибқи он ба мухлисон ба бозиҳои Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон билет тақдим мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" якҷо бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Ҷоми қаҳрамонии футболи ҷаҳон дар Русия ду билет ҳадя мекунанд.

Мувофиқи пешниҳоди махсуси ширкат ба муштариён ба сабқатҳои ҷом дар шаҳрҳои гуногуни Русия ба мононади Маскав, Санкт-Петербург, Қазон ва Сочи билет пешниҳод мешавад.

"Сомон Эйр" ба ду муштарие, ки аввалин шуда ба парвози Душанбе-Санкт-Петербург ба рӯзи 14 июн билети бизнес-класс мехаранд, ба сабқати Миср-Русия, ки 19 июн дар Санкт-Петербург баргузор мешавад, ду билет ҳадя мекунад.

Ширкати "Сомон Эйр" соли дувум аст, ки бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

Тамоми маълумотро дар бораи Қаҳрамонии футболи ҷаҳон дар Русия метавонед аз тарҳи вижаи FIFA-2018 пайдо кунед.

Лентаи хабарҳо
0