Ҷоми футболи ҷаҳон дар Маскав

Дар Русия Ҷоми футболи ҷаҳон сар шуд

86
Дар сабқатҳои Ҷоми футболи ҷаҳон-2018, ки аз 14 июн то 15 июл баргузор мешавад, 32 дастаи мунтахаби футбол рақобат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik.  Нахустин бозии Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 имрӯз, 14-уми июн дар шаҳри Маскав, дар варзишгоҳи "Лужники" миёни тимҳои Русия ва Арабистони Саудӣ оғоз меёбад.  Оғози бозӣ соати 18:00 бо вақти Маскав аст.

Дар умум дар рафти Ҷоми футболи ҷаҳон байни 32 дастаҳои мунтахаб 64 бозӣ сурат мегирад. 32 дастаи ширкаткунандаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 ба ҳашт гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Айни ҳол мухлисони футбол аз тамоми дунё ба Русия барои тамошои бозӣ сафар мекунанд. ФИФА пештар хабар дода буд, ки  дар тамоми ҷаҳон ба сабқатҳои Ҷоми футбол беш аз 2,5 миллион билет фурӯхта шудааст.

Беш а 870 ҳазор билетро шаҳрвандони Русия харидорӣ кардаанд. Сокинони Амрико ва Бразилия дар билетхарӣ пешсаф ҳастанд.

 ХХI Ҷоми футболи ҷаҳон  имсол дар Русия баргузор мегардад. Ин мусобиқа ҳар чор сол як маротиба гузаронида шуда, 209 тимҳои миллии кишварҳо барои ба даст овардани роҳхат ба даври ниҳоии он рақобат мекунанд.

86
Барчаспҳо:
сабқат, футбол, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Ҷоми ҷаҳони футбол-2018 дар Русия (15)