Муҳаммад Салоҳ: пурра ба сабқат бо тими Русия омода ҳастам (НАВОР)

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкФутбол. ЧМ-2018. Матч Египет - Уругвай
Футбол. ЧМ-2018. Матч Египет - Уругвай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар навор Муҳаммад Салоҳ нақши ҳаводорони футболро махсус қайд мекунад, ки ба вай дар комёбӣ кӯмак мекунанд. Футболбози номӣ афзудааст, ки пурра ба сабқати дарпешистода бо тими Русия омода аст

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Варзишкори номии тими "Ливерпул" ва мунтахаби Миср Муҳаммад Салоҳ нақл кард, ки пурра ба сабқати дарпешистода бо тими Русия омода аст.

Дар ин бора Муҳаммад Салоҳ дар саҳифааш Инстаграм наворе мунташир карда, хабар додааст. Дар навор лаҳзаҳои муҳими бозиҳои Салоҳ дар сабқатҳои ҷаҳонӣ нишон дода мешавад.

Муҳаммад Салоҳ нақши ҳаводорони футболро дар комёбиҳояш махсус қайд мекунад. Ӯ афзудааст, ки пурра ба сабқати дарпешистода бо тими Русия омода аст.

 

 

Сабқати тими Русия ва Миср имрӯз, 19 июн дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.

Сармураббии мунтахаби Русия Станислав Черчесов ба рӯзноманигорон эълом кардааст, ки тими Русия низ ба сабқат бо тими Миср ва Муҳаммад Салоҳ омода аст.

"Ҳар як тим футболбозеро дорад, ки ба вай бояд аҳамияти махсус дод. Дар тими мисриён Салоҳ яке аз беҳтаринҳост. Мо албатта танҳо зидди вай ба майдон намебароем. Аммо бояд ҳама ҷанбаҳоро дар назар гирифт. Мо ба сабқат зидди вай омода ҳастем", — гуфтааст Черчесов ба рӯзноманигорон.

Лентаи хабарҳо
0