Як гоми Эрон то пирӯзӣ: лаҳзаҳои ҷолиби мусобиқоти тими Эрон ва Португалия

© Sputnik / Alexei Danichev / Гузариш ба медиабонкБолельщики перед началом матча группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Марокко и Ирана
Болельщики перед началом матча группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Марокко и Ирана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шиби гузашта ҳазорҳо мухлисони футбол дар варзишгоҳи Саранск шоҳиди ҷолибтарин бозӣ шуданд. Тими миллии Эрон наздик буд, дастаи Португалияро шикаст дода, ба даври бозиҳои плей-офф роҳ ёбад

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дастаҳои Эрон ва Португалия дар охирин мусобиқаи гурӯҳи "B"  26-уми июн бо ҳам рӯбарӯ шуданд.

Шаби гузашта миллионҳо форсизабонони дунё  тими миллии Эронро мухлисӣ мекарданд. Дастаи Эрон  дар ин рақобати ҷолиб бо тими Португалия тамоми тавонмандиву қадраташро нишон дод.

Ин бозиро яке аз ҷолибтарин бозиҳои Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 дар Русия, ба ҳисоб меравад.

Дастаи Португалия дар дақиқаи 44-ум ба дарвозаи Эрон гол зада, ҳисоби бозиро боз кард. Дар дақиқаи 52-и Португалия борои ҳисобро зиёд кардан фурсати дигаре пайдо кард, аммо дарвозабони Эрон Алиризо Беронванд, ки қаҳрамони ин бозӣ ба ҳисоб меравад, зарбаи пеналтии ситораи футболи ҷаҳон Криштиану Роналдоро  баргардонд.

Дар ҳамин ҳол, умеди дастаи Эрон дубора бедор шуд ва дар дақиқаи 92-юм Карим Ансорифард  ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 95 Эрон аз пирӯзи ҳамагӣ ду се сантиметр дуртар монд.

Ҳамин тариқ аз гурӯҳи "B" Испания ҷойи аввал ва Португалия мақоми дувумро ба даст оварда,  ба марҳилаи плей-офф роҳхат гирифтанд. Дар марҳилаи плей-офф Испания бо Русия ва Португалия бо Уругвай бозӣ хоҳанд кард.

Бозиҳои дастаи Эрон дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии футбол, ки дар Русия баргузор мегардад, миллионҳо форсизабононро бо ҳам овард. Дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук миллионҳо нафар аз Тоҷикистону Афғонистону Эрон, ҳатто Русия тарафдори тими миллии Эрон буданд.

Тими миллии футболи Эрон бо амалкарди дурахшон ва анҷоми се бозии хуб, бо Ҷоми ҷаҳонии футболи 2018 Русия худоҳофизӣ кард.

Ҳарчанд Эрон натавонист ба даври баъдии ин мусобиқаҳо роҳ ёбад, аммо бозиҳои ғайратмандонаи футболбозони тими миллӣ, мардумро хушҳол ва Эронро сарфароз кард.

Лентаи хабарҳо
0