Мусобиқаи футболи Русияву Хорватия

Насиби Русия даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон набудааст

87
(Таҷдидшуда 13:43 08.07.2018)
Русия дар давраи чорякфиналӣ бо Хорватия ба майдон баромад, аммо мутаассифона дар дақиқаҳои охирони бозӣ тими Хорватия пирӯзиро аз Русия кашида гирифт ва бо ҳамин роҳи даста ба давраи нимфиналӣ баста шуд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Футболбозони тими Русия дар давраи чорякфиналӣ аз дастаи Хорватия шикаст хӯрданд. Бозӣ дар варзишгоҳи "Фишт"-и Сочӣ баргузор шуд.

Давраи аввали сабқат бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Голи аввалро дар дақиқаи 31-ум Денис Черишев ба ҳадаф расонд. Дарҳол голи ҷавобии Андрей Крамарич ба дарвозаи Русия зада шуд.

Дар дақиқаҳои иловагӣ дастаҳо ҳисобро 2:2 баробар карданд. Ҳангоми задани пеналтӣ бозии хорватиҳо барор гирифт.

То лаҳзаҳои охирин футболбозони рус бо ҷидду ҷаҳд ва умеди калон бозӣ мекарданд. Бо далели зарбаи заифи Смолов ва як кӯшиши бенатиҷаи Фернандес Русия аз Хорватия шикаст хӯрд.

Бешубҳа, мусобиқоти Русия ва Хортавия яке аз рухдодҳои муҳими ҳафтаи ахир буд. Билетҳо ба мусобиқа чанд рӯз пеш аз сабқат фурӯхта шуда буданд. Нафароне ки тавонистанд дар варзишгоҳ бозиро "зинда" тамошо кунанд, навору акс гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр мекарданд.

 

#Россия#футбол#молодцы

Публикация от guzelihkahusainova (@guzelihkahusainova) 7 Июл 2018 в 2:12 PDT

 

Андӯҳи мухлисони тими Русия беандоза буд, вале ба ҳар ҳол мухлисон барои бозии зебо аз варзишгарон миннатдор буданд.

87
Барчаспҳо:
варзиш, мусобиқа, футбол, Хорватия, Тоҷикистон, Русия