Дастаи яккачини футзали Тоҷикистон аснои тамрин дар Кувайт

“Сипар”-и Хуҷанд дар Ҷоми Осиё ширкат мекунад

36
(Таҷдидшуда 12:13 09.07.2018)
Дастаи “Сипар”-и Хуҷанд, ки дар мусобиқаи футзали кишвар соҳиби медали нуқраи гардид, дар Ҷоми футзали Осиё-2018 ширкат мекунад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Кумитаи ҷавононт ва варзиши Тоҷикистон дастаи "Сипар"-и Хуҷанд, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ соҳиби медалҳои нуқра гашта буд, дар Ҷоми бозиҳои футзали Осиё-2018, ки аз 1-ум то 12-уми августи соли ҷорӣ дар Индонезия баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дастаи "Сипар" дар Ҷоми бозиҳои футзали Осиё-2018 дар гурӯҳаш бо дастаҳои «Вик Вайперс» (Австралия), «Jeonju MAG» (Кореяи Ҷанубӣ) ва «MIC» (Мйянма) рақобат мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур 16 даста аз кишварҳои мухталифи Осиё ширкат хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои «Вик Вайперс» (Австралия), «Далян Юан» (Чин), «Нафит Ал-Васат» (Ироқ), «Мес Сунгун» (Эрон), «Нагоя Оушенс» (Ҷопон), «Jeonju MAG» (Кореяи Ҷанубӣ), «Банк Бейрута» (Ливан), «MIC» (Мйянма), «Сипар» (Тоҷикистон), «Чонбури Блувейв» (Таиланд), «Ал-Дафра» (АМА), «Тай Сон Нам» (Вйетнам), инчунин чемпионҳои Индонезия, Қирғизистон, Қатар ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.

 

 

36
Барчаспҳо:
футзал, бозӣ, Осиё, футбол, мусобиқа, Тоҷикистон