Футболбозони тоҷик дар Тошканд мақоми севумро гирифтанд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкОфициальный мяч чемпионата мира по футболу 2018 Telstar 18
Официальный мяч чемпионата мира по футболу 2018 Telstar 18 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон, иборат аз дастпарварони Академияи футболи ФФТ се бозӣ доир намуда, ҷои сеюмро ишғол намуд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дастаи  мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон дар қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор шуд, сазовори медалҳои биринҷӣ гардид.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, 9 июл чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби то 16-сола бо иштироки дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ба анҷом расид.

"Дар мусобиқа дастаи  мунтахаби Тоҷикистон, иборат аз дастпарварони Академияи футболи ФФТ се бозӣ доир намуда, ҷои сеюмро ишғол намуд", — менависад манбаъ.

Дар даври аввал футболбозони тоҷик бозиро бо ҳамсолонашон аз дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби  мусовии  2:2 анҷом дода, дар ду бозии дигар аз дастаи  мунтахаби  Афғонистон ва Узбакистон шикаст хӯрдаанд.

Ёдовар  мешавем, ки  дастаи  футболи наврасони Узбакистон бо 9 хол ғолиби мусобиқа шуд.

Дастаи мунтахаби Афғонистон  бо 6 хол ҷои дуюмро  ишғол кард.

Лентаи хабарҳо
0