Султони Ҳамад, ҳаводори собиқадори футбол дар иҳотаи мухлисони Ҷоми Ҷаҳон-2018

Суҳбати Султони Ҳамад: суди тоҷикон аз ҶҶ-2018 ва далели пуштибонӣ аз Русия

191
(Таҷдидшуда 15:42 10.07.2018)
Султони Ҳамад, аз чеҳраҳои саршиноси тоҷик ва ҳаводори собиқадори футбол муътақид аст, ки Ҷоми Ҷаҳон-2018 зуҳури футболбозони номиро дар Тоҷикистон дар пай дорад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Султони Ҳамад, аз чеҳраҳои саршиноси тоҷик ва ҳаводори собиқадори футбол муътақид аст, ки ҳунарнамоии хуби тими мунтахаби Русия дар Ҷоми Ҷаҳон-2018 барои рушди футбол дар Тоҷикистон низ такондиҳанда хоҳад шуд.

Султони Ҳамад, ки тайи 52 соли охир 14 мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳонро пайгирӣ кардааст, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, чандин нафар аз дӯстону пайвандонаш аз ҷумлаи сокинони ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия  баъди  тамошои бозиҳои хеле зебои футболи Ҷоми Ҷаҳон-2018, бачаҳои лаёқатманди худро ба мактабҳои футболбозони наврас бурда, аъзо карданд.

"Бовар дорам, ки зуҳури  Владимир Ғуломҳайдаров, Олег Ширинбеков, Рашид Раҳимов, Муҳсин Муҳаммадиевҳои нав, ки  дар айни рушди футболи шӯравӣ  обрӯи тими овозадори Тоҷикистон, "Помир"-ро боло бурданду  шаъну шуҳрати футболи тоҷикро дар ҳайати мунтахаби СССР ба авҷи аъло расонданд, дар пеш аст.  Ғалабаи асосии мунтахаби Русия  дар Ҷоми Ҷаҳонии 2018 ин аз нав эҳё кардани ин бозии умумихалқӣ на танҳо дар Федератсияи Русия, балки  дар тамоми қаламрави собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо низ мебошад", — мутмаин аст ӯ.

Султони Ҳамад афзуд, мусобиқаҳои Ҷоми Ҷаҳонро аз соли 1966, ки дар Англия баргузор шуду  мунтахаби СССР медалҳои биринҷиро гирифта буд, пайгирӣ дорад.

"То ба имрӯз 14 мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳониро аз тариқи телевизион бо як шавқу ҳаваси калон тамошо кардам ва тамошо карда истодаам. Вале он чи имсол дар Ҷоми Ҷаҳонии 2018 дар Русия гузашта истодааст, фавқулодда зебову камназир аст. Ҳам аз лиҳози ташкил ва гузаронидани бозиҳо ва ҳам аз лиҳози мазмун ва мундариҷаи ҷараёни худи бозиҳо.  Ҳар як бозӣ ба зоти худ як шоҳкории футбол буд. Ҳамаи шаст бозии то ба имрӯз барпошуда натиҷаҳои хуб доштанд. Маҳз аз ҳамин лиҳоз Ҷоми Ҷаҳонии 2018 аз мусобиқаҳои қаблӣ фарқ мекунад”, — гуфт ӯ.

Мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон ҳунарнамоии мунтахаби Русия, ки мизбон ва ягона намоянда аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ буд, олиҷаноб баҳогузорӣ кард.

"Ба мунтахабе, ки қабл аз даври ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии 2018 дар феҳристи ФИФА дар ҷои 70-ум буд, ҷо гирифтан дар байни 8 мунтахаби беҳтарини дунё албатта ин комёбии беназир аст. Шабе, ки мунтахаби Русия мунтахаби пурқудрати Испанияро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаводорони мунтахаби ин кишвар зану мард, пиру ҷавон, намояндагони миллатҳои гуногун, парчамҳои Русия дар даст то субҳ ин ғалабаро таҷлил карданд"- изҳор дошт Султон Ҳамад.

Султони Ҳамад дар мавриди далели пуштибонии густурдаи сокинони Тоҷикистон аз тими Русия гуфт, имрӯз дар Тоҷикистон оилаеро пайдо кардан ғайриимкон аст, ки бо Русияи муосир пайвандие надошта бошад. "Қариб дар ҳар як хонавода имрӯз камаш як ё ду нафар табаи душаҳрвандӣ дорад. Баъзан аҳли як байт ҳамагӣ барои кор ба Русия рафтаанд ва дар он ҷо ризқу рӯзии худро пайдо карда ҳамон чо мондаанд”,-афзуд ҳаводори собиқадори футбол.

191
Барчаспҳо:
футбол 2018, футболбозӣ, Султони Ҳамад, Русия, Тоҷикистон, футбол
Мавзуъ
Бо ҳаяҷону умедворӣ: чигуна дар Душанбе тими Русияро мухлисӣ карданд (НАВОР)