Раёсати ФФТ: барои истеъдодҳои Бадахшон шароити хуб бояд таъмин шавад

© Официальный сайт ФФТРустам Эмомали, сын президента Таджикистана Эмомали Рахмона (второй слева), был переизбран на пост главы Федерации футбола Таджикистана на отчетно-выборной конференции ФФТ
Рустам Эмомали, сын президента Таджикистана Эмомали Рахмона (второй слева), был переизбран на пост главы Федерации футбола Таджикистана на отчетно-выборной конференции ФФТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода, ваъда кардааст, ки то охири сол як чунин майдони дигарро дар маркази ВМКБ бунёд хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

ФК Истиклол - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии чоркарата: "Истиқлол" Ҷоми ФФТ-ро аз худ кард

Ба иттилои манбаъ Хуршед Мирзо, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон,  27 июл, зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Хоруғи боло дар ҳузури сокинон ва раиси ВМКБ изҳор дошт, ки майдонҳои футбол дар маркази вилоят бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ бунёд мешаванд.

Ӯ афзуд, ки раёсати Федератсияи футболи Тоҷикистон бар ин аст, ки Бадахшон ҷавонони боистеъдоди зиёд дорад ва бояд барои онҳо шароити хуби тамрин фароҳам карда шавад.

Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ВМКБ, дар маҷмуъ ФФТ бунёди се майдончаи дигарро ваъда кардааст.

Лентаи хабарҳо
0