Дав, акс аз бойгонӣ

Дави меъморони тоҷик бо супориши Озода Раҳмон

262
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон аз иҷрои супориши Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи раисиҷумҳур дар бораи машқҳои пагоҳирӯзӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Тибқи иттилоияи Кумитаи меъморӣ, рӯзҳои истироҳати гузашта, дар машқҳои пагоҳирӯзӣ, ки дар Боғи Парчами давлатӣ баргузор гардид, 30 корманди Кумитаи мазкур иштирок намуданд.

Лутфулло Наврӯзов, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегӯяд, иштироки кормандони ин ниҳод дар машқҳои пагоҳирӯзӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

"Ҷавонон баъд аз ҳафтаи кори пурмасъул дастаҷамъона ба варзиши пагоҳирӯзӣ мепардозанд, ки ин ҳам ба саломатии онҳо манфиатбахш аст ва ҳам дӯстию рафоқати ҷавононро мустаҳкам менамояд",- изҳор дошт Лутфулло Наврӯзов.

Пештар хабар дода шуд, ки кормандони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дастур гирифтаанд аз ин пас ҳар рӯзи шанбе бомдод, дастаҷамъона варзишу нармиш кунанд.

Чунин дастуреро раҳбари Кумитаи ҷавонону варзиш Аҳтам Абдуллозода додааст. Аммо мубтакири аслии ин дастур Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон дониста шудааст. Дар иттилоияи Кумитаи меъморӣ низ ба супориши роҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳур таъкид шудааст.

262
Барчаспҳо:
супориши Дастгоҳ, машқи пагоҳирӯзӣ, варзиш, Тоҷикистон