Оғози сабқати бонувон барои Ҷоми Рустами Эмомалӣ

© Сайт правительства города ДушанбеСоревнования по волейболу между министерствами в Душанбе
Соревнования по волейболу между министерствами в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонувони волейболбози Тоҷикистон барои Ҷоми раиси шаҳри Душанбе сабқат мекунанд

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни бонувони вазорату идора, кумитаву муассиса ва ташкилоту сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 15-уми август оғоз гардида, он ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар мусобиқаи мазкур 22 даста дар 4 гурӯҳ байни худ рақобат менамоянд.

"Мусобиқа аз 15 август то 8 сентябри соли 2018 дар толори Муассисаи давлатии Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ, ҷараён мегирад", —омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Манбаъ афзуд, ки ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа "Ҷом", диплом ва туҳфаҳои моливу пулӣ ва хотиравии раиси шаҳри Душанбе тақдим мегардад.

Лентаи хабарҳо
0