Баъди пирӯзӣ бар чечен: "селфӣ"-и мухлисон қаҳрамони тоҷикро қариб "аз по зад" (ВИДЕО)

1940
(Таҷдидшуда 13:36 20.08.2018)
Азам Ғаффоров, варзишгари тоҷик дар Маскав, Имрон Букуев аз Чеченистонро шикаст дода, камарбанди қаҳрамони мусобиқаи WFCA-ро соҳиб гардид

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ғаффоров дар вазни то 57 кило Букуевро, ки аз номи бошгоҳи "Ахмат"-и Чеченистон баромад мекунад, мағлуб кард. Ин нахустин шикасти Букуев мебошад. 

Азам бештар ба зарбазанӣ истифода кард ва дар натиҷа доварон ӯро аз 5 давр дар 3 давр ғолиб эълон карданд.

Мусобиқаи 50-уми WFCA аз ҷониби  ширкати промоутерии  "Ахмат"  дар толори консертии "Россия"-и Маскав баргузор шуд.

Шодии мухлисони Азамро баъди пирӯзияш ҳадду канор набуд ва  ӯро иҳота карда, нахостанд раҳо кунанд.  Мухлисон ҳама талош доштанд, ки бо ӯ селфӣ гиранд ва ӯро базӯр аз дасти издиҳом берун кашиданд. 

1940
Барчаспҳо:
Азам, муҳорибаи омехта, Ахмат, мухлис, Тоҷикистон
Рустам Эмомали открыл новые поля для мини-футбола в Курган-Тюбе и Дангаре

Баҳси бозии "Истиқлол"-у "Хуҷанд" ва муроҷиат ба Рустам: доварон обрӯи футболро мерезонанд

1068
(Таҷдидшуда 15:33 01.07.2020)
Мухлисони клуби футболи Хуҷанд бо ироаи муроҷиатнома ба Рустами Эмомалӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) аз амалкарди доварон изҳори нигаронӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 1 июл – Sputnik. Дар муроҷиатномаи худ мухлисони бошгоҳи футболи "Хуҷанд" аз Рустами Эмомалӣ тақозо намудаанд, ки ба доварон барои амалкардҳои ношоиста ва судури таъйинотҳои ғайрикасбиашон танбеҳ дода шавад, то ки онҳо ба чунин рафторҳои шубҳабарангези худ дар ҷараёни бозиҳои футбол хотима диҳанд.

"Мӯҳтарам раис! Саҳми Шумо оид ба пешрафт ва оммавӣ гардонидани футбол дар кишварамон беназир аст. Мо мухлисони футболи тоҷик аз тамоми канору гӯшаи кишварамон аз Шумо миннатдорем. Лекин обрӯю нуфузи Федератсияи футболи Тоҷикистонро доварону нозирон ва баъзе кормандони федератсия рафторҳояшон паст зада истодаанд”, омадааст дар муроҷиатнома.

Мухлисони футболи Хуҷанд бо нашри муроҷиатномаи худ дар саҳфаи расмии КФ “Хуҷанд” дар шабакаи Фейсбук гуфтаанд, ки дар даври 4-уми бозиҳои Лигаи олӣ ба маҳзи содир намудани хатогии доварон бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хатлон” ба ҳисоби 2-2 ба анҷом расид, ки чунин натиҷа бо хатоии довар сар зад.

Сардовари ин бозӣ Насрулло Кабиров буд ва ба делели роҳ додан ба хатогӣ Кумитаи интизомии ФФТ аз ҳаққи доварӣ дар 2 давр маҳрум намуд.

“Ҳаммаи инро дидаю дониста Лигаи футболи Тоҷикистон дар бозии марказии даври 7-ум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” Насрулло Кабировро ҳамчун сардовари бозӣ эълон намуд. Дар ин бози низ Насрулло Кабиров якчанд қарорҳои нодуруст ё қасдан нодуруст баровард ва ба ҳисоби бозӣ таъсири худро расонид”,-зикр намудаанд мухлисон дар муроҷиатнома.

Бино ба таъкиди мухлисони футбол бозии даври 7-ум миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо зиёд камбудиҳо баргузор шудааст, вале нозирону доварони бозӣ барои саривақт ислоҳ намудани камбудиҳо чораандешӣ карда натавонистаанд.

Бозӣ бидуни тамошобин: “Истиқлол” боз соҳиби суперҷоми Тоҷикистон шуд

“Дар вақти танаффус бозингарони “Истқилол” 30 дақиқа ба бози набаромаданд, вале сардовар ба ин амалкарди худсаронаи футболбозон ягон чора андешида натавонистааст”, омадааст дар муроҷиатнома.

Дар ҳамин ҳол Мурод Умаров, директори КФ "Хуҷанд" дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муроҷиатномаи мухлисони дастаашро ба унвони Раиси ФФТ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хондааст.

Ӯ гуфт, баъд аз танаффуси 15 дақақаи, футболболзони дастаи “Истиқлол” то даҳ дақиқа эътироз карда ба майдон набаромаданд.

“Футболбозон гуфтанд, ки то замони аз варзишгоҳ берун нашудани мухлисон, онҳо ба бозӣ идома нахоҳанд дод. Онҳо 8-9 дақиқа эътироз карда ба майдон набаромаданд. Дуруст аст, ки ҳоло тибқи дастури ФФТ баргузории бозиҳо бе иштироки тамошобинон бояд сурат бигирад, аммо масъалаи роҳ додан ё надодани тамошобин кори комиссари бозӣ аст, на хости футболбозон. Барои чи футболбозон чунин эътироз карданд, инро худошон медонанд, мо аз ин амалкарди онҳо ҳайрон мондем”, гуфт Умаров.

Директори КФ "Хуҷанд" иброз намуд, ки ба фаъолияти доварони футбол онҳо дахолат карда наметавонанд ва амали ғайриҳирфавии онҳо аз сӯи ФФТ баррасӣ карда мешавад.

Дастаи “Истиқлол” қаҳрамони феълии кишвар ноиби қаҳрамони мамлакат рӯзи 28-уми июн, дастаи “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод ва ба ин тартиб бо касби 19 хол мавқеи худро дар садри ҷадвали мусобиқоти Тоҷикистон ҳифз намуд.

Тими "Хуҷанд" баъд аз ин бохташ бо 13 имтиёз пас аз "Хатлон" дар ҷои 3-юм қарор гирифт.

Бино ба иттилои манобеъи огоҳ аз фаъолияти футболи кишвар ҳақмузди доварон ба ҳисоби сарулибоси варзишии онҳо дар бозиҳои Лигаи Олӣ ва Якум аз ҷониби ФФТ пардохт карда мешавад.

Дар ҳар як бозӣ то панҷ нафар довар сафарбар шуда ба онҳо аз 3, 7 то 4, 5 ҳазаор сомонӣ гонорар барои доварӣ дар ҳар як бозии Лигаи Олӣ ва Якум пардохт карда мешавад.

Ҳақмузди доварон дар Лигаи Дуюм бошад, бар души худи дастаҳо аст ва барои як бозӣ дастаи мизбон муваззаф аст, ки 1700 сомонӣ гонорари доварони бозиро пардохт намояд.

Шикасти "Хуҷанд" аз "Истиқлол" дар нахустин бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020

Мухлисони футболи Хуҷанд дар муроҷиатномаи худ таъкид намудаанд, ки аз муносибати яктарафаи доварон боиси бешавқии мухлисон ба футболу коҳиши боварӣ нисбати Федератсияи Футболи Тоҷикистон мегардад.

Мухлисони футбол аз масъулини ФФТ хостори ислоҳ намудани доварон шудаанд.

1068
Команда Истиклол

Бидуни бохт: “Истиқлол” “Хуҷанд”-ро дар даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон шикаст дод

74
(Таҷдидшуда 11:22 29.06.2020)
Тими "Истиқлол"-и Душанбе , қаҳрамони феълии кишвар бозии ахирашро дар даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол бо пирӯзӣ хотима дод

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бозии марказии даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо шикасти меҳмонон хотима ёфт.

Дастаи “Истиқлол” қаҳрамони феълии кишвар ноиби қаҳрамони мамлакат тими “Хуҷанд”-ро дар бозии ахираш, ки шоми гузашта доир шуд бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Се голи ҷониби “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов Алишер Ҷалилов ва Вахит Оразсахедов заданд.

Голи ягонаи тими “Хуҷанд”-ро  Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 3 юми бозӣ вориди дарвозаи “Истиқлол” сохт.

Тими  футболи "Истиқлол"-и Душанбе ҳамин тавр ягона дастае боқӣ мондааст, ки то ҳол  бохтро надидааст.

Бошгоҳи пойтахт бо дарёфти 19 хол дар садри ҷадвали Чемпионати футболи кишвар қарор дорад.

Тими "Хуҷанд" бошад,  бо 13 имтиёз пас ах "Хатлон" дар ҷои 3-юм қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки бозиҳои ин ду даста ҳамеша дар мусобиқоти футболи кишвар пуршиддат ва сертамошобин мегузарад.

74
Мужчина в защитной маске в городе Душанбе

Тоҷикистон ва Швейтсария ҳамроҳ бар зидди COVID - 19 мубориза мебаранд

0
Ин масъала рӯзи 2 июл дар суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сардори Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария Игнасио Кассис баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Имрӯз, 2 июл, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сардори Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария Игнасио Кассис телефонӣ суҳбат кард.

Бино ба гузориши Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар рафти суҳбат вазирон дар робита ба ҳамагирии COVID-19 ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария мубодилаи афкор намуданд.

"Аз ҷумла Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти иқдомҳои Ҳукумати кишвар барои маҳдуд намудани паҳншавии COVID-19 ва мусоидати шарикони рушд, аз ҷумла Ҳукумати Швейтсарияро, дар ҷараёни бартараф кардани паёмадҳои он таъкид намуд", - омадааст дар хабарнома.

Тибци иттилои манбаъ, мусоҳибон бори дигар пойбандии худро ба муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 изҳор намуда, зарурати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона таъкид карданд. Шарокат ва дастгирии тарафайн дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ муҳим дониста шуд.

Манбаъ афзуда, ки ҳамзамон раванди амалисозии тавофуқҳое, ки ҳангоми боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Конфедератсияи Швейтсария (5-6 ноябри соли 2019) ҳосил шуда буданд, мавзӯи меҳварии ин сӯҳбатро ташкил дод.

0
Барчаспҳо:
мубориза, вируси нав, Швейтсария, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон