Футболбозии бонувон, акс аз бойгонӣ

38-1: ҷамъбасти қувваозмоии мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё -2018 (ВИДЕО)

266
(Таҷдидшуда 10:54 23.08.2018)
Тими мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон 22 август дар сабқат бо тими Ҳонг Конг бо ҳисоби 6-1 шикаст хӯрд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон се қувваозмоиро, бо дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Чин ва Ҳонг Конг, ки дар доираи бозиҳои Осиё-2018 баргузор гардиданд, бо ҳисоби 38 —1 ҷамъбаст намуд.

Дар бозии рӯзи 22 август дастаи Ҳонг Конг дар беш аз 62 дарсади вақт тӯбро соҳибӣ карда, ба дарвозаи Тоҷикистон 6 гол ворид намуд. Тоҷикистон танҳо бо як гол посух додааст, ки онро Наталия Сотникова дар дақиқаи 36-уми бозӣ вориди дарвозаи рақиб кардааст.

Дастаи мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон, ки нахустин бор дар таърихи кишвар дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилаллӣ ширкат мекунад, дар Бозиҳои Осиё-2018 дар гурӯҳи "В" аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0-16 ва аз Чин низ бо ҳисоби 0 — 16 шикаст хӯрд. Дар пайи дарёфти камтарин хол, тими Тоҷикистон натавонист аз гуруҳ барояд.

Навори бозӣ бо Чин:

Аммо бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, бонувони тоҷик набояд навмед шаванд, ин оғози кор аст ва пирӯзиҳо ҳанӯз дар пешанд.

266
Барчаспҳо:
бонувон, бозӣ, Осиё, футбол, мағлубият, Тоҷикистон
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Қуръакашии чемпионати футболи Осиё-2020: рақиби мунтахаби кишвар ки хоҳад буд?

166
(Таҷдидшуда 09:45 04.06.2020)
Қуръакашии чемпионати Осиё-2020, ки дар он дастаҳои ҷавонони (U-16) ва ҷавонони (U-19) Тоҷикистон рақибони худро хоҳанд шинохт, рӯзи 18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи ФФТ, қуръакашии чемпионати Осиё-2020 миёни наврасон соати 17:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад ва қуръакашӣ барои чемпионати Осиё барои мунтахабҳои ҷавонон соати 19:30 баргузор мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабади  қуръакашӣ барои финали Чемпионати Осиё-2020-ро эълон кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо тимҳои Баҳрайн, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар сабади аввал қарор гирифт.

ФФТ мегӯяд,  ин маънои онро дорад, ки мунтахаби мо бешубҳа бо ин дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии чемпионат бозӣ намекунад.

Тибқи тақвими АФК, чемпионати Осиё байни наврасони зери 16-сола аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар сабқати Чемпионати Осиё-2020 дар якҷоягӣ бо дастаҳои Япония, Австралия ва Индонезия, ки бо онҳо, бешубҳа, дар ин мусобиқот дар ҳамон гурӯҳ бозӣ намекунанд, дар сабади дуввум ҷойгир шуданд.

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

Чемпионати Осиё байни ҷавонон 2020 бояд аз 14 то 31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор шавад.

Бояд қайд кард, ки чаҳор дастаи беҳтарини чемпионатҳои наврасон ва ҷавонони Осиё- 2020 ба мусобиқоти  ҷаҳонии соли 2021 роҳхат мегиранд, ки мутаносибан дар Перу (U-17) ва Индонезия (U-20) баргузор мешаванд.

166

Бо риояи масофа: футзалбозони Тоҷикистон ба тамрин баромаданд

134
(Таҷдидшуда 15:37 03.06.2020)
Маъмурияти дастаи футзали Тоҷикистон аъзои дастаҳоро даъват намудааст, ки чунин машқҳои инфиродиро бо иштироки ками варзишгарон ва дар вақтҳои алоҳида баргузор намоянд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, давоми чанд рӯзи охир футзалбозони Лигаи касбии футзали кишвар, ки дар дастаҳои гуногун, аз ҷумла дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ  менамоянд, тамринро барои оғози мавсими нави футзал сар карданд.

Таъзияномаҳои ФФТ: аз фавти бародари котиби генералӣ то довар Қосимов-аксҳо

Тибқи иттилои ин ниҳод футболбозон бо риояи масофаи байни ҳамдигарӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ ба машқҳо пардохтаанд.

Бино ба гузориши ФФТ, маъмурияти дастаи футзали мамлакат аъзои дастаҳоро даъват намудааст, ки чунин машқҳои инфиродиро бо иштироки ками варзишгарон ва дар вақтҳои алоҳида баргузор намоянд.

Раҳмон дар Хуррамзамини Данғара майдончаи варзишии универсалиро ба истифода дод

Манбаъ афзуда, ки аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ марҳила ба марҳила ба тамрин шурӯъ карда, ба ғайр аз баргузории машқҳо дар хона, инчунин дар майдончаҳои варзишӣ низ чунин тамринҳоро баргузор менамоянд.

134
Барчаспҳо:
вируси нав, Футбол, шаҳри Кӯлоб
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Боздиди раиси Хатлон, аз минтақаи офатзадаи Хуросон, акс аз бойгонӣ

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо оилаҳое, ки офат онҳоро бехона гузошт, пул медиҳад

0
(Таҷдидшуда 20:37 04.06.2020)
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон илова ба кумакҳои то кунун ба осебдидагони офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон расондааш, тасмим гирифт ба 72 оилае, ки хонаҳои худро дар ин ҳодисаи табиӣ пурра аз даст додаанд, ба миқдори 150 франки швейтсарӣ ёрии яквақта расонад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 260 хоҷагии аз офати табиӣ  зарардидаи деҳаҳои Н.Асадулло ва 18-умин анҷумани ҳизби ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон маводи ғайрихӯрокӣ тақсим намуд, хабар дод котиботи ҳукумати Хатлон.

Санаи 14-15 майи соли 2020 офати табиӣ ба хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони як қатор минтақаҳои мамлакат зарар расонид. Аз ин офати табиӣ асосан 338 хоҷагӣ дар ноҳияи Хуросон ва 6 хоҷагӣ дар шаҳри Ваҳдат осеби зиёд диданд.

Бо назардошти вазъ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар лоиҳаи Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (DREF)-ро тасдиқ намуд ва маблағҳои ҷудогардида аз ин Бунёд ва қисман аз захираҳои дохилии ҶҲАТ барои дастрас намудани маводи ғайрихӯрокӣ ба 338 оилаи осебдидаи ноҳияи Хуросон ва 6 оилаи осебдидаи шаҳри Ваҳдат пешбинӣ гаштанд.

Ин кумакҳо аз 344 бастаи маводи ғайрихӯрокворӣ, бистар, болишт, кампал, рахти хоб, бел, каланд, сатили пластикӣ, рӯйпӯши пластикӣ, 344 бастаҳои абзори ошхона, аз ҷумла, кафлез, обгардон, косаи калон, косаи хурд, қошуқ, чангак, дӯлча, ҷом ва 344 бастаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла сачоқ, собун, хамираи дандоншӯӣ, чӯткаи дандоншӯӣ, хокаи ҷомашӯӣ, хокаи безараргардонӣ, собуни моеъ, шампун, дезинфектант, маводи беҳдошти шахсии занона, уребча, собуни хоҷагӣ, бастаи селофанӣ, қоғази ташноб ва ғайраҳо иборатанд.

Дар доираи кумакҳои мазкур ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд ва ё манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, инчунин оилаҳое, ки саробонашон зан, шахсони пиронсол, кӯдакони хурдсол ва оилаҳое, ки бо дастгириҳои дигар ниҳодҳои дахлдор фаро гирифта нашудаанд, кумак расонида мешавад.

2 июни соли 2020 дар марҳилаи аввали тақсимоти кумаки мазкур ба 260 оилаи аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи Комиссияи дахлдори давлатӣ маводи ғайрихӯрокӣ дастрас карда шуд. Марҳилаи дуюми тақсимот фарогирии боз 78 оилаи ниёзманди ноҳияи мазкурро дар бар мегирад.

0
Барчаспҳо:
офат, Хатлон, Тоҷикистон