Бонувони футболбоз, акс аз бойгонӣ

Тавсифи Шайх Аҳмад аз занони футболбози тоҷик: бо Рустами Эмомалӣ баъзе нақшаҳо дорем

220
(Таҷдидшуда 10:49 29.08.2018)
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар ҳошияи Бозиҳои Осиё - 2018 бо Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ, президенти Шӯрои олимпии Осиё масъалаи ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шайх Аҳмад Ал Фаҳад аз азми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди иншооти варзишӣ дар шаҳру навоҳии кишвар истиқбол кардааст.

"Мо метавонем лоиҳаҳои ҷадидро оид ба сохтмони иншооти варзишӣ дар деҳоти Тоҷикистон ва харидории лавозимоти варзишӣ амалӣ намоем", — изҳор доштааст Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ.

Шайх аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хост, барои сохтмони як майдончаи дигари варзишӣ ва лавозимоти варзишӣ лоиҳа пешниҳод намояд. 

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд, ки рушди варзиш миёни бонувон яке аз масъалаҳои асосии мулоқот ба ҳисоб мерафт. Қайд гардидааст, ки 50 фисади аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил менамоянд, аз ин хотир месазад, ки дар самти варзиши бонувон ҳам корҳои самарабахш сомон дода шавад.

Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ аз иштироки тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар Бозиҳои Осиё, новобаста аз натиҷаи вохӯриҳо, истиқбол намуд.

"Маҳз дар ҳамин замина мо бо Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ нақшаҳои ҷадидро ояндаи наздик рӯи кор хоҳем гирифт", — иброз дошт президенти Шӯрои олимпии Осиё.

Тавсифи Шайх Аҳмад ва ваъдаи дастгирияш дар ҳоле садо доданд, ки мунтахаби бонувони футболбози тоҷик барои нахустин бор дар таърихи кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, Осиё — 2018 иштирок кард.  Мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар БО — 2018 бо ҳисоби бузург шикаст хӯрд, аммо таҳлилгарон мегӯянд, ин нахустин таҷриба ва оғози кор буда, пирӯзиҳои бонувони тоҷик ҳанӯз дар пешанд.  

220
Барчаспҳо:
бонувон, Осиё, футбол, ваъда, варзиш, кӯмак, Тоҷикистон

Гейҷӣ ҳангоми гиряи Ҳабиб дар майдон ба ӯ чӣ гуфт?

3191
(Таҷдидшуда 15:18 25.10.2020)
Ҷастин Гейҷӣ, размикори амрикоӣ нақл кард, ки ҳангоми гиряи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар майдон бо кадом суханҳо ӯро дилбардорӣ кард

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik.  Гейҷӣ гуфт, баъди анҷоми сабқт ҳангоми гиряи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ӯ ба қаҳрамони UFC дар вазни сабук изҳори ҳамдардӣ кард.

Гейҷӣ ба Нурмуҳаммадов гуфтааст, ки қаблан имкони муроҷиат кардан ба ӯро надоштаст ва илова намудааст, хеле мутаассиф аст, ки Ҳабиб падарашро аз даст дод.

"Коратро ман давом медиҳам": Макгрегор муҳорибаи Ҳабиб бо Гедҷиро баҳогузорӣ кард

“Ту дар ҳамин лаҳзаҳо падарро водор кардӣ, ки бо ту ифтихор дошта бошад”, - тавзеҳ дод Гейҷӣ суханҳои гуфтааш дар майдонро ба BT Sport.

Шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд. Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Дар пайи пирӯзӣ бар Гейҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда бошад.  Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод.

Лаззат бар: Ҷонс ҷои аввалро дар рейтинги UFC ба Нурмуҳаммадов дод

Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.

Pound-for-pound – нисбати размикоре кор бурда мешавад, ки новобаста аз вазн беҳтарини беҳтаринҳо эътироф шудааст.

3191
Барчаспҳо:
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, сабқат, Русия

Шарҳи Кремл дар бораи пирӯзӣ ва тасмими тарки майдон кардани Ҳабиб

2391
(Таҷдидшуда 15:25 25.10.2020)
Дар Кремл сабқати Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори русиягӣ ва рақиби амрикоияш Ҷастин Гейҷиро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC дар вазни сабукро бо пирӯзияш бар Ҷастин Гейҷӣ шодбош гуфт.

Ӯ ҳамчунин дар мавриди изҳороти Нурмуҳаммадов дар бораи хатми ҳунарнамоиҳояш дар майдон гуфт, ин интихоби шахсии ӯ мебошад.

“Мо аз пирӯзияш шодем, ӯро шодбош мегӯем. Боқӣ дигар интихоби худи ӯст”, - таъкид кард сухангӯи раисиҷумҳури Русия.

"Коратро ман давом медиҳам": Макгрегор муҳорибаи Ҳабиб бо Гедҷиро баҳогузорӣ кард

Шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд. Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Дар пайи пирӯзӣ бар Гейҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда бошад.  Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод.

Маълум шуд, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз хатми “карера”-аш чӣ кор хоҳад кард-видео

Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.

2391
Барчаспҳо:
Кремл, пирӯзӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Русия

Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 22:20 25.10.2020)
Рӯзи 26 октябр рӯзи пайдоиши футбол (1863) буда, рӯзи миллии Озарбойҷон мебошад. Дар ин рӯз ҳунармандони халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов ва Мастона Эргашева ба дунё омадаанд

Рӯзи 26 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1861 олими немис Филипп Рейс дар Франкфурт ихтирои худро ба намоиш гузошт ва минбаъд онро телефон номид.

 

Телефон в центре управления остановленного третьего реактора на Чернобыльской атомной электростанции
© REUTERS / Gleb Garanich
Телефон в центре управления остановленного третьего реактора на Чернобыльской атомной электростанции

 

Соли 1863 дар шаҳри Лондон Ассотсиатсияи футболи Англия таъсис дода шуд.Соли 1900 дар Ню-Йорк аввалин хатти метрополитен кушода шуд.

 

Стадион Уэмбли в Лондоне
© Sputnik / Антон Денисов
Стадион "Уэмбли" в Лондоне

 

Соли 1932 Иосиф Сталин нависандагонро "муҳандисони қалби инсонҳо" унвон кард.Соли 1956 Агентии байналхалқӣ оид ба энергияи атомӣ таъсис ёфт.

 

Иосиф Виссарионович Сталин (Джугашвили), Генеральный секретарь ЦК ВКП (б)
© Sputnik / РИА Новости
Иосиф Виссарионович Сталин (Джугашвили), Генеральный секретарь ЦК ВКП (б)

 

Соли 1978 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон дошт, ки барангезандаи бемории нағзак (оспа) дар табиат маҳв карда шуд.

Соли 1990 Шон Шеннони канадагӣ барои дар 26 сония хондани монологи Гамлет «Будан ё набудан» рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2015 дар натиҷаи заминҷунбии 7,5-балла дар Афғонистон ва Покистон беш аз садҳо нафар ҷони худро аз даст доданд.

Рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи вақти Қувваҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Америка  Дэвид Петреусро ба ҳузур пазируфт.

Соли 2011 Клуби футболи "Регар-ТадАЗ" — и шаҳри Турсунзада  барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2011 гардид.Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали раисҷумҳури вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон масоили кунанӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 дар Қасри миллат Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал — Маътуқро ба ҳузур пазируфт.

Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр

Рӯзи пайдоиши футбол (1863).
Рӯзи миллии Озарбойҷон.

Рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1945 – доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Соли 1945 – Ҳунарпешаи шоистаи театри лӯхтаки Тоҷикистон Зафар Ҷаводов

Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов.

Народный артист Таджикистана, исполнитель фалака Давлатманд Холов
Amir Isaev
Народный артист Таджикистана, исполнитель фалака Давлатманд Холов


Соли 1952 – Ҳунарманди халқии Мастона Эргашева.

Соли 1953 – композитор Борис Пиговат.

Соли 1978 – журналист Олга Тутубалина.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон