Беҳрӯз Хоҷазода, акс аз бойгонӣ

Медали дуюми Тоҷикистон: Хоҷазода дар сабқат барои тилло аз варзишгари эронӣ шикаст хӯрд

756
(Таҷдидшуда 16:56 29.08.2018)
Беҳрӯз Хоҷазода, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо барои тими Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё - 2018 як медали дигар овард

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Беҳрӯз Хоҷазода, варзишкори тоҷик дар бозиҳои Осиё — 2018 дар шаҳри Ҷакарта дар  куштии навъи кураш ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Бар асоси ҷадвали эълонҳои Бозиҳои Осиё — 2018, Беҳрӯз Хоҷазода, ки ҳамагӣ 23 сол ва 73 кило вазн дорад имрӯз дар сабқати ниҳоӣ бо Алӣ Акбари Илёси 30-сола дар вазни 81 кило қувваозмоӣ кард. Алӣ Акбари Илёсӣ, ки аз Беҳруз 8 кило вазнинтар буд бо бартарии як хол медали тилло ба даст овард.  

Медали Хоҷазода дуюмин медали Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё — 2018 мебошад.

Қаблан Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик бо касби мақоми дуюм барои тими Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё — 2018 нуқра овард, ки нахустин медали кишвар дар ин бозиҳо мебошад.

756
Барчаспҳо:
ҷои дуюм, Бозиҳои Осиёӣ, нуқра, мақом, Тоҷикистон

Русия Майк Тайсонро ба Маскав даъват карданист

133
(Таҷдидшуда 14:38 29.11.2020)
Федератсияи бокси Русия мехоҳад ба Майк Тайсон ва Рой Ҷонсон пешниҳод кунад, ки дар соли 2021 як муҳорибаи такрорӣ дар Маскав баргузор кунанд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Федератсияи бокси Русия нақшаи пешниҳоди  баргузории муҳорибаи такрории Майк Тайсон ва Рой Ҷонсонро дар Маскав дар соли 2021 дорад.

"Офарин, муҳориба хело шавқовар буд. Ҳарду ҳам ба сину соли худ нигоҳ накарда, хело хуб омода шуда буданд. Бояд реванш пешниҳод кард, ки дар Маскав дар соли 2021 баргузор шавад. Бо онҳо баррасӣ хоҳем кард, ки дар Рӯзи бокс баргузор кунем", - гуфтааст котиби кулли Федератсияи бокси Русия Умар Кремлёв.

Хотиррасон мешавем, ки Рӯзи бокс 22 июл таҷлил карда мешавад.

Имрӯз, 29 ноябр Тайсон ва Ҷонс дар Лос-Анҷелес муҳорибаи намоишии ҳаштдавра бо тартиботи вижа, ки мусовӣ ба поён расид, баргузор карданд.

Муҳориба дар саҳнаи варзишии "Стэйплс-центр" баргузор гардид. Варзишкорон дар ҳашт давра қувваозмоӣ карданд. Аммо нафаре аз онҳо дигареро мағлуб карда натавонист.

Тайсон ва Ҷонс ҳарду ҳам ситораиҳои олами бокс мебошанд. Бештар аз 50 муҳориба кардаанд ва Қаҳрамони мутлақи бокс дар ҷаҳон мебошанд.

Натиҷаи баҳсбарангез: муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Джонс бидуни ғолиб анҷом ёфт

Тайсон 54 сол дорад, ӯ дар 58 муҳориба иштирок карда, 50 маротиба пирӯз шудааст (дар 44 муҳориба ҳарифашро "нокаут" кардааст), шаш маротиба мағлуб гаштаву, ду муҳорибааш баргузорношуда эътироф гаштаанд. Ҷонсон 51 сол дорад ва соли 2018 тарки майдон карда буд.

133
Барчаспҳо:
даъват, Маскав, Майк Тайсон, Русия
Логотип ФИФА, архивное фото.

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA як зина боло рафт

151
(Таҷдидшуда 15:08 29.11.2020)
Созмони ҷаҳонии футбол (FIFA) рейтинги нави дастаҳои аъзояшро нашр кард, ки дар он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз мавқеи 122-юм як зина боло рафта, дар ҷойи 121-ум қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тими миллии Гвинея Бисау дар ин рейтинг аз Тоҷикистон пештар ҷой гирифтааст, аммо дастаи Қазоқистон баъди Тоҷикистон дар ин феҳраст қарор гирифтааст.

FIFA эълон кардааст, ки Тоҷикистон аз моҳи гузашта панҷ имтиёзро аз даст додааст ва холҳояш ба 1143 расидааст.

Дар рейтинг чун моҳи пеш дастаи мунтахаби Белжик бо 1780 имтиёз пешсаф аст.

Зинаи дуюмро Фаронса (1755) ва сеюмро Бразилия (1743) аз худ кардаанд. Дастаи мунтахаби Англия дар зинаи чорум аст. Ба даҳгонаи тимҳо Портуғол, Испониё, Оржентин, Уругвай,  Мексико ва Итолиё ворид шуданд.

Аз дастаҳои осиёӣ Ҷопон пешсаф аст, ки бо 1502 имтиёз дар зинаи 27-ум ҷой гирифтааст. Аз дастаҳои собиқ Шӯравӣ Украина имтиёзи бештар дорад (1528) ва  дар ҷойи 24-юм аст.

Дастаи мунтахаби Русия баъд аз шикасти бузург аз Сербистон (0:5) панҷ зина поён рафта, аз зинаи 34-ум ба 39 кӯч кардааст.

151
Барчаспҳо:
ФИФА, мавқеъ, мунтахаб, даста, рейтинг, Тоҷикистон

Вазорати маорифи Русия мегӯяд, ягон донишҷӯйи хориҷӣ хориҷ нашудааст

0
(Таҷдидшуда 17:44 30.11.2020)
То ҳол ба Вазорати маорифи Русия аз ҷониби донишҷӯёни хориҷӣ ягон шикоят дар мавриди хориҷшавии онҳо аз донишгоҳҳои кишвар ворид нашудааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Русия мегӯяд, дар замони пандемия ягон донишҷӯйи хориҷӣ аз донишгоҳҳои ин кишвар ба далели ҳозир нашудан ба дарсҳо, хориҷ нашудааст, хабар медиҳад котиботи вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, то ҳол аз ҷониби донишҷӯёни хориҷӣ низ ягон шикоят дар мавриди хориҷ шудани онҳо, ворид нагардидааст.

"Ҳамаи муассисаҳои олии таълимӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳо дар робита ба ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии маризии коронавирус, ба таҳсили фосилавӣ фиристода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Вазорат инчунин итминон дод, ҳамаи донишҷӯёне, ки бинобар чораҳои маҳдудкунӣ ба Русия омада наметавонанд, ҷойҳои буҷетиӣ онҳо нигоҳ дошта мешавад.

Супоришҳои Исматуллозода барои баргардонидани донишҷӯёни тоҷики дар хориҷ таҳсилкарда

Инчунин хабар дода мешавад, ки Вазорати маориф ва илми Русия барои донишкадаҳои олӣ оид ба ташкили самараноки таълими фосилавӣ тавсияҳо таҳия кардааст.

Бо мақсади мусоидат дар ташкили таълими фосилавӣ, Вазорати маориф якҷоя бо Россотрудничество масъалаи бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани донишҷӯёни хориҷиро дар идораҳои Россотрудничество ва филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар ҷои истиқоматашон кор карда истодааст.

Инчунин дар Тоҷикистон, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба донишҷӯён пешниҳод кард, ки то ба эътидол омадани вазъ муваққатан дар донишгоҳҳои маҳаллӣ таҳсил кунанд.

0
Барчаспҳо:
хориҷ, донишҷӯён, вазорати маорифи Русия