Ҷамъбасти БО - 2018: Устопириён гуфт, барои хидмат ба миллат варзишро интихоб кард

© дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонКомроншоҳ Устопириён ва Умед Ҳасанбеков, ҷоизадорони Бозиҳои Осиё - 2018 аз Тоҷикистон
Комроншоҳ Устопириён ва Умед Ҳасанбеков, ҷоизадорони Бозиҳои Осиё - 2018 аз Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими Тоҷикистон дар ҷамъбасти Бозиҳои Осиё-2018 бо касби 7 медал миёни 37 кишвари ҷоизадор дар мақоми 30-юм қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тими кишвар 7 медал — 4 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст овард.

Ба иттилои манбаъ медалҳои нуқраро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ, Шаҳриёр Даминов —  қайиқронӣ,  Беҳрӯз Хоҷазода дар кураш, вазни 81 кило, Умед Ҳасанбеков дар самбо, вазни 90 кило ба даст оварданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Медал биёру маблағ гир: Эмомалӣ Раҳмон аз 50 то 150 ҳазор сомонӣ медиҳад

Медалҳои биринҷиро Шакармамад Мирмамадов дар ҷудо, вазни беш аз 100 кило ва Комроншоҳ Устопириён дар ҷудо ва самбо ба даст овард.

Устопириён дар ҷамъбасти қувваозмоӣ гуфт, ҳамеша орзу ва ҳадафаш хушҳолу сарбаланд кардани миллати азиз мебошад.

"Ҳар инсон мехоҳад,ки ба Ватану миллату худ ба роҳҳои гуногун химат кунад. Яке дар илм, яке дар фарҳанг, дигаре дар мудирияту дар сиёсат ва дигаре бо як касби оддӣ ва ҳалол мехоҳад дар хидматгузорӣ ба кишвару мардумаш саҳм гузорад. Ман варзишро интихоб кардам ва мехоҳам аз ин роҳ ба шумо миллати азизам шуҳрату ифтихор биёварам. Агар бо ин медалҳо лаҳзае ҳам бошад дилҳои шуморо хурсанд карда бошам Худоро шукр мегуям ", — изҳор доштааст Устопириён дар муроҷиатномааш ба мардум.

Комроншох Устопирён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Осиё - 2018: Устопириён ва Мирмамадов барои Тоҷикистон медал оварданд

Ӯ инчунин ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, раёсати бахши варзиши кишвар, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд,  хонавода ва мухлисонаш изҳори миннатдорӣ кардааст.

Дар БО — 2018 тими Чин бо 289 медал, аз ҷумла 132 тиллоӣ пешсафи мусобиқот шуд. Тимҳои Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ низ дар сархати медалдорҳо қарор гирифтанд.

Аз кишварҳои ИДМ тими Узбакистон бо 70 медал, аз ҷумла 21 тиллоӣ дар мақоми 5, Қазоқистон бо дар мақоми 9 ва Қирғизистон бо 2 тилло, 6 нуқра ва 12 биринҷӣ дар зинаи 22-юми феҳрасти медалдорҳо қарор гирифт.

Лентаи хабарҳо
0