Душанбе мизбони сабқати байналмилалии ҷудокорон барои Ҷоми Президент мешавад

© Международная федерация дзюдоДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, аз 2 то 5 октябри соли равон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе 6-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тибқи иттилои кумита, мусобиқаи ҷудокорон барои Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз рӯи 7 вазн миёни мардон доир мегардад.

"Мусобиқаи солҳои гузашта дар вазни мутлақ баргузор мешуд, имсол бошад, варзишгарон дар вазнҳои маъмулии гуштини дзюдо миёни мардон   —60 кг, 66 кг, 73 кг, 81 кг, 90 кг, 100 кг, 100 кг қувва меозмоянд", — омадааст дар иттилоия.

Кумитаи олимпӣ таъкид намудааст, ки  Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба ғолибон 10000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 3000 сомонӣ тақдим хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0