Навори пирӯзии "Ахмат" бар "Спартак" баъди бозгашти Рашид Раҳимов

Обуна шудан
Дастаи футболи "Ахмат"-и шаҳри Грозний дар нахустин бозияш баъди бозгашти мураббии маъруфи тоҷикистонӣ Рашид Раҳимов тими "Спартак", яке аз аз пешсафони мусобиқаи қаҳрамонии Русияро шикаст дод

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Тими "Ахмат" таҳти роҳбарии Рашид Раҳимов рӯзи 16 сентябр дар Маскав дастаи мизбон — "Спартак"-ро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод

Дар ин бозии даври 7-уми қаҳрамонии Русия голи дастаи "Спартак" —ро Ҷикия ва аз дастаи "Ахмат" — ро Родолфо ва Антон Шветс ба ҳадаф расонданд. Барои "Спартак" ин нахустин бохт дар мавсими ҷории Лигаи олии Русия мебошад.

Барои "Ахмат" ин нахустин бозӣ таҳти роҳбарии сармураббӣ Рашид Раҳимов буд, ки ахиран дар ин мақом Игор Ледяховро иваз намуд.

Раҳимов, ки қаблан низ "Ахмат"-ро тамрин медод, ахиран бо даъвати Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон дубора ба ин тим баргашт.

Лентаи хабарҳо
0