Футбольный клуб Худжанд, архивное фото

"Хуҷанд" ба "Барқчӣ" 4:2 пирӯз шуд

51
(Таҷдидшуда 20:58 18.09.2018)
Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд баъди бозии баргашти даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор, ки шоми дирӯз дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” баргузор гардид, ба даври нимниҳоӣ баромад

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik.Бозии аввали ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ғалабаи дастаи "Хуҷанд" бо ҳисоби 2:0 ба анҷом расида буд. Дар бозии дирӯза бозингарони "Барқчӣ" ташаббус нишон дода, тавассути тӯбҳои задаи Шарфҷон Солеҳов (30, 1:0) ва Тоҳир Малодӯстов (31, 2:0) натиҷаи умумиро дар силсилаи ду бозӣ баробар карданд.

Ду қисми иловагӣ низ натиҷаи дилхоҳ надод ва довар барои муайян кардани ғолиб ба задани силсилазарбаҳои 11-метра рӯ овард. Дар натиҷа футболбозони "Хуҷанд" бо натиҷаи 4:2 ғалаба карда, ба даври бозиҳои ½-ниҳоӣ роҳхат гирифтанд ва ҳамакнун ғолиби ҷуфти "Регар-ТадАЗ" ва "Хатлон"-ро интизор мешаванд.

51
Барчаспҳо:
футбол, Хуҷанд, Тоҷикистон