На пешу на қафо: мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА бетағйир монд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкОфициальный мяч чемпионата мира по футболу 2018 Telstar 18.
Официальный мяч чемпионата мира по футболу 2018 Telstar 18. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мавқеи дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА дар моҳи сентябр бетағйир боқӣ мондааст

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik.  Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА барои моҳи сентябр чун моҳи қаблӣ дар мақоми 120 қарор гирифтааст

Тибқи иттилои ФИФА, Тоҷикистон дар раддабандии моҳи июн дар зинаи 119 қарор гирифта буд.  

Гус Хиддинк в 2006 году вывел сборную Австралии в 1/8 финала чемпионата мира, а сборную России привел к бронзе ЧЕ-2008. - Sputnik Тоҷикистон
Гус Хиддинк дар бозии футболи Тоҷикистону Чин: борон қувваозмоиро қатъ кард

Дар мавриди далели нашр нашудани раддабандӣ барои моҳи июл масъулини ФИФА изҳор доштанд, ки дар ин моҳ шеваи нави раддабандӣ коркарду татбиқ шудааст.

Бар асоси шеваи нав, ки гуфта мешавад, нисбатан мунсифона мебошад, аҳамияти бозиҳо ба назар гирифта мешавад ва ба натиҷаи бозиҳои дӯстона аҳамияти зиёд дода намешавад.

Беҳтарин нишондоди Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА моҳи июли соли 2013 — 106-ум ва бадтарин соли 2003-180-ум сабт шудааст.

Дар раддабандии ҷадиди ФИФА Фаронса ва Белгия бо гирифтани холи баробар дар мақоми аввал қарор доранд. Бразилия, Хорватия, Уругвай, Англия, Португалия, Швейтсария, Испания ва Дания ба даҳгонаи аввал ворид шудаанд. Русия низ дар раддабандӣ пеш рафта, аз зинаи 49 ба 46 баромадааст.

Лентаи хабарҳо
0