Макони баргузории қаҳрамонии ҷаҳон – 2019 оид ба куштӣ эълон шуд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкГреко-римская борьба, архивное фото
Греко-римская борьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ, United World Wrestling, эълон кард, ки қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куштии озод, юнонӣ-римӣ ва инчунин миёни бонувон дар соли 2019 дар Остона , пойтахти Қазоқистон баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ненад Лалович, роҳбари Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ гуфт, мусобиқаи ҷаҳон аз 14 то 22 сентябр дар Остона доир мешаванд.

"Боварии комил дорам, ки чемпионати ҷаҳон дар Остона барои варзишгарон, мураббиён ва мухлисон хотирмон хоҳад буд", - изҳор доштааст Ненад Лалович.

Қаҳрамонии ҷаҳони соли 2019 нахустин мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио хоҳад буд. Ғолибони 6 вазни олимпӣ дар куштии озод, 6 вазн дар куштии юнонӣ-римӣ ва 6 вазн дар куштии бонувон соҳиби аввалин роҳхатҳои олимпӣ мегарданд. Роҳхатҳои дигар дар мусобиқаҳои қитъавӣ ва интихобӣ дода мешаванд.

Қаҳрамонии ҷаҳони соли 2018 оид ба куштӣ 20-28 октябр дар Будапешти Маҷористон баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0