Сборная по футболу Таджикистана, архивное фото

Омодагии тими миллии футболи Тоҷикистон барои иштирок дар “Bangabandhu Gold Cup”

47
(Таҷдидшуда 14:49 26.09.2018)
Омодагии Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои мусобиқа “Bangabandhu Gold Cup” ба Банғола меравад

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik.  Бино ба иттилои федератсия Футболи Тоҷикистон,  имрӯз, 26 сентябр, таҳти роҳбарии сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Алишер Тухтаев, ки ҳамзамон муваққатан сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон мебошад, ба мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup», ки аз 1 то 12 октябр дар Бангладеш баргузор мегардад, омодагӣ мебинад.

Ба гуфтаи манбаъ, барои тайёрӣба мусобиқаи мазкур Алишер Тухтаев 24 футболбоз, аз ҷумла 2 дарвозабон, 9 муҳофизатгар, 9 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳуҷумкунанда даъват кардааст.

“Дастаи мунтахаби миллии кишвар 29 сентябр ба Дакка сафар мекунад. Дар мусобиқаи “Bangabandhu Gold Cup” дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои мунтахаби Непал (2 октябр) ва Фаластин (4 октябр) бозӣмекунад” таъкид кардааст манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар сурати баромадан ба нимфинал футболбозони тоҷик бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “В” Филиппин, Банғола ё Лаос рақобат хоҳанд кард.

47
Барчаспҳо:
мусобиқа, омодагӣ, Тоҷикистон, тими мунтахаб, футбол