Конор Макгрегор баъди шикаст аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Аз “шакаробхӯрӣ”-и Конор то кори зиддиисломии Ҳабиб: падараш гуфт, ӯро ҷазои сахт медиҳад

2277
Бисёре аз тоҷикистониён, гуруҳе бевосита дар толори сабқат дар Лас-Вегас ва бархе дар деҳоти дурдасти бебарқи Тоҷикистон тариқи телефон қувваозмоии Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Конор Макгрегерро тамошо ва мухлисӣ карданд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Бисёриҳо, ки аз Нурмуҳаммадов ҷонибдорӣ мекарданд, дар пайи пирӯзии ӯ, рақиби зӯргӯяш – Конорро ба масхара кашиданд. Аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикасти Макгрегорро ба Сиёвуш як ҷавони тоҷик монанд карданд, ки нахуст зӯргӯӣ кард, аммо баъди шикасташ бо як зарба айбро дар шакароб донист, ки то ҳол ҳал нашудааст.

Аммо на ҳамаи вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ҳазлу масхара буданд.

Рустам Гулов, блогери тоҷик аз он, ки қувваозмоии Нурмуҳаммадовро бисёриҳо ба Ислом рабт медиҳанд, интиқод намудааст. Ӯ таъкид намудааст, ки Ислом чунин навъи варзишро, ки зӯргӯю латукӯб аст, мамнуъ намудааст.

Гулов афзудааст, ки мухлисӣ ҳаққи инфиродии ҳар нафар аст, аммо рабт додани қувваозмоии Ҳабиб ба Ислом ва ҳомии дин ҷилвагар намудани ӯ нишонаи бехабарӣ аз меъёрҳои Ислом мебошад. Блогери тоҷик муътақид аст, ки чунин бархӯрди динии бархе аз мухлисон ба фоидаи онҳое мебошад, ки имрӯз мехоҳанд Исломро ҳамчун дини зӯргӯю террор вонамуд кунанд.

Дар ҳамин ҳол Абдулманап Нурмуҳаммадов, падар ва мураббии Ҳабиб, қаҳрамони  UFC дар вазни сабук, дар суҳбат бо расонаҳои Русия гуфт, писарашро барои ташкили хархаша баъди қувваозмоӣ ҷазо хоҳад дод.

“Таҳримҳои ман, сангинтар аз UFC хоҳанд буд. Бояд тартиби интизом бошад. Дар дохили майдон метавонӣ ҳар коре анҷом диҳӣ, аммо дар беруни он одамони оддӣ-занону кӯдаконанд. Беруни майдон бояд оромӣ бошад”, - изҳор доштааст Нурмуҳаммадови калонӣ.

Дар ҳамин ҳол роҳбари UFC изҳор доштааст, ки таҳқиқи рафтори Ҳабиб идома дорад ва кафолати саддарсадӣ нест, ки ӯ унвони қаҳрамониро ҳифз мекунад.

Ҳабиб Нурммуҳаммадов 6 октябр дар пайи пирӯзӣ бар Макгрегор дар даври 4-ум, сӯи тими ӯ дар беруни майдон ҳамла кард, ки бо занозании гуруҳӣ анҷом ёфт.

2277
Барчаспҳо:
вокуниш, қувваозмоӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Тоҷикистон-Русия