Хабиб Нурмагомедов

Баргашти Ҳабиб ба Русия ва тасдиқи Песков аз табрикоти Путин

422
(Таҷдидшуда 20:10 08.10.2018)
Чанде пеш роҳбари UFC Дэйна Уайт гуфта буд, ояндаи Ҳабиб зери суол аст ва ӯ метавонад камарбанди чемпиониашро аз даст диҳад

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Чемпиони рус дар муҳорибаҳои омехта (UFC), Ҳабиб Нурмуҳаммадов баъд аз пирӯзиаш бар Конор Макгрегор ба ватан бар мегардад, гуфтааст падари варзишкор Абдулманап Нурмуҳаммедов ба хабаргузории РИА Новости.

 “Ҳабиб ба хона меояд. Ӯ камарбандро гирифт. Баъд аз 11 соат вай дар Маскав мешавад ва аз онҷо ба Махачкала парвоз хоҳад кард”, - афзуд Нурмуҳаммедови калони.

Дар ҳамин ҳол чанде пеш, падар ва мураббии Ҳабиб, ваъда дода буд, ки  писарашро барои занозанӣ баъд аз пирӯзӣ ҷазо хоҳад дод.

Барои мурабби муҳим тартибу интизом дар тим мебошад. Ба ҳамин хотир падар ба писари худ дар ин масала бояд сахтгир бошад.  

“Дар дохили майдони ҳашткунҷа (октагон) ҳар коре, ки метавони анҷом бидеҳ, аммо берун аз он не. Чунки берун аз майдон занҳо, кӯдакон ва шахсони бегона зиёд аст ва онҳо метавонанд зарар бинанд”, гуфт вай.

Абдулманап Нурмуҳаммедов рафтори писарашро пас аз муҳориба қобили қабул шуморид.

Дар ҳамин ҳол падари Ҳабиб эълон намудааст, ки гуноҳи рафтори писарашро баъд аз муҳориба бар гардани худ мегирад.   

Баъди пирӯзии варзишгари рус дар байни аъзои гуруҳи ҳарду рақиб ҷанҷолу занозанӣ бархост ва аз ин сабаб мусоҳиба бо ғолиби бозӣ ва маросими супурдани камарбанд дар ҳузури мухлисонро лағв карданд. Ҳарду рақиб баъди хотимаи набард, толорро тарк карданд.

Роҳбарияти UFC таъкид намудааст, ки алайҳи рафтори Ҳабиб тафтишот оғоз шудааст ва то анҷоми он ба тими Ҳабиб маблағ падохта намешавад.

Вай инчунин таъкид намуд, ки се нафар аз тими Ҳабибро пулиси Амрико барои занозани дар дохили майдон дастгир намудааст.

Аммо каме дератар Уайт таъкид намуд, ки ҳар се узви тими Нурмуҳаммадов, аз ҷумла менеҷери Ҳабиб, Ризвон Муҳаммадов аз озод шуданд.

Инчунин роҳбари UFC Дэйн Уайт, таъкид намуда буд, ки ояндаи Ҳабиб зери суол аст ва ӯ метавонад камарбанди чемпиониашро аз даст диҳад.  

“Мо ҳоло ҳамроҳ бо коммисия наворҳоро таҳқиқ дорем. Иштироки Ҳабиб дар рақобатҳои оянда зери суол аст. Ӯ метавонанд аз ин варзиш ронда шавад. Ҳама бад аст. Ҳоло Комиссия атлетикии Невада тафтишотро оғоз кардааст. Тими Ҳабибро таҳримҳову ҷаримаҳои ҷидди интизор аст”, гуфт вай.

Ҳоло комиссия рафтори Ҳабиб Нурмуҳаммедовро таҳқиқ дорад.

Вобаста ба ин ҳодиса менеҷери Ҳабиб Алӣ Абдулазиз, аз мухлисон ва дигар масъулин узрхоҳи кардааст.

“Ман мехоҳам аз комисияи атлетикии иёлоти Невада ва мақомоти Невада бахшиш пурсам. Мехоҳам аз пулиси Лас-Вегас барои ин кори мушкилашон ташаккур кунам. Ҳоло ҳама медонанд, ки инҷо ки беҳтарин аст”, - навиштааст менеҷер дар саҳифаи  Instagram.

Ин ҳам дар ҳолест, ки баъди ба даст овардани пирӯзӣ раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ӯ занг зада, барои пирузиаш бар Конор табрик намудааст.

Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков, аз табрикоти Путин тасдиқ кард.

“То ҷое ман медонам шаб Владимир Путин муҳорибаро тамошо накарда буд, аммо дар пахши такрорӣ тамошо кард. Албата вай ба Ҳабиб мухлиси мекард. Вай шаҳрванди Русия аст. Ин табиист, ки мо мухлиси ӯ будем ва Путин пас аз пирӯзӣ ба Ҳабиб занг зада ӯро табрик кард”, - гуфт Песков.

Аммо вай тасдиқ карда натавонистааст, ки Ҳабиб Владимир Путинро ба зодрӯзаш табрик гуфт ё не.

Ҳабиб Нурммуҳаммадов 6 октябр пас аз пирӯзиаш бар Макгрегор берун аз майдон омада ба ҳайати тими Конор ҳамла кард, ки дар натиҷа бо занозании гуруҳӣ табдил ёфт.

422
Барчаспҳо:
занги телефонӣ, Дмитрий Песков, Владимир Путин, падар, Макгрегор, занозанӣ, муҳориба, Ҳабиб