Хабиб Нурмагомедов

Сазои "беодоби"-и Ҳабиб Нурмуҳаммедов маълум шуд

3487
Варзишкори Русия Ҳабиб Нурмуҳаммедовро барои ҷанҷол дар саҳни тамошобинони муҳориба тақрибан 250 ҳазор доллар ҷарима мекунанд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Президенти UFC Дэйн Уайт эълом кард, ки варзишкори Русия Ҳабиб Нурмуҳаммедовро аз камарбади қаҳрамонӣ маҳрум намекунанд. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Уайт таъкид кардааст, ки варзишкор "бидуни шак" барои ҷанҷол то 250 ҳазор доллар ҷарима мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дастмузди Ҳабиб Нурмуҳаммедов - 2 миллион доллар пурра пардохт мешудааст.

Ба гуфтаи президенти UFC, ҳамчунин шояд Ҳабиб барои "беодобиаш" аз 4 то 6 моҳ аз ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шавад.

Ёдрас мешавем, муҳорибаи деринтизор ва пурсарусадои Ҳабиб ва варзишкори ирладӣ Конор Макгрегор  6 октябр дар Лас-Вегас баргузор шуд. Дар муҳориба варзмшкори доғистонӣ ҳарифашро мағлуб кард. Аммо дар посух ба дашномҳои ҷонибдорони Конор худро аз майдон партофта, ба онҳо дарафтод.

Пештар коршиносони варзиш пешгӯӣ мекарданд, ки эҳтимол меравад, Ҳабибро барои ин амалаш аз камарбанди қаҳрамонӣ маҳрум кунанд ё аз ҳуқуқи иштирок дар бозиҳо маҳрум намоянд.

3487