Мухлисони тими Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон боз дар финал

499
Тими мунтахаби Тоҷикистон бо шикаст додани дастаи Филипин ба даври ниҳоии мусобиқаи байналмилалии “Bangabandhu Gold Cup” дар Банғола роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik.  Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, имрӯз дар бозии ниманиҳоӣ тими мунтахаби кишвар бо ҳисоби 2:0 бар Филипин ғалаба кард.

“Ҳисобро дар дақиқаи 31-уми бозӣ Комрон Турсунов кушод. Дар дақиқаи 90+7 Аҳтам Назаров голи дуюми Тоҷикистонро вориди дарвозаи ҳариф намуд”, - иттилоъ дод манбаъ.

Дар даври ниҳоӣ, рӯзи 12 октябр Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти Фаластин-Банғола, ки фардо маълум мешавад, қувваозмоӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 6 даста дар гурӯҳ бозӣ карданд. Тоҷикистон дар бозии даври аввали гурӯҳи “А” бар тими миллии Непал (2:0) пирӯз шуда, дар даври дуюм аз тими Фаластин мағлуб гардид (0:2). Фаластин бо 6 хол, Тоҷикистон бо 3 хол ба даври нимфинал баромаданд. Дар гурӯҳи “В” дастаи мизбон – Банғола ва Филиппин ба даври дигар роҳ ёфтанд. Дастаҳои Непал аз гурӯҳи “А” ва Лаос аз гурӯҳи “В”, ки хол нагирифтанд, аз идомаи сабқат маҳрум шуданд.

499