Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором

Ҳабиб Нурмуҳаммедов бо Владимир Путин мулоқот мекунад

775
(Таҷдидшуда 15:01 10.10.2018)
Дар ҳамоиши "Русия - кишвари варзиш" бештар аз се ҳазор меҳмон аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок мекунанд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Варзишкори Русия Ҳабиб Нурмуҳаммедов хабар додааст, ки нақша дорад дар ҳошияи форуми "Русия - кишвари варзиш" дар Уляновск бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кунад.

Ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигорон таъкид доштааст, ки бо Путин дидор хоҳад кард.

"Мо барои мулоқот бо раисҷумҳур ба ҳамоиш меравем", - гуфтааст вай дар посух ба суоли хабарнигорон.

Нурмуҳаммедов ҳафтаи равон дар мусобиқаи қаҳрамонии муҳорибаҳои омехта пирӯз шуд. Ин пирӯзиро Владимир Путин тариқи телефон ба Нурмуҳаммедов шодбош гуфтааст.

Ҳамоиши "Русия - кишвари варзиш" бо як фармони президент соли 2009 ташкил карда шудааст.

Имсол дар он бештар аз се ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ - намояндагони соҳаи варзиш иштирок мекунанд.

775
Барчаспҳо:
Владимир Путин, Русия