Мақоми дуюми тими Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми тиллоии Бангабанду

Нуқра, 25 ҳазор доллар ва корти сурх: тими Тоҷикистон аз Дакка бо чӣ баргашт? (ВИДЕО)

259
(Таҷдидшуда 10:18 14.10.2018)
Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии Ҷоми тиллои Бангабанду дар шаҳри Дакка аз тими Фаластин шикаст хӯрда, соҳиби мақоми дуюм гардид

ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар дақиқаи 36-уми бозии ниҳоӣ  сардовар, Муҳаммад Мизанур Раҳмон ба бозигари тоҷик, Фатҳулло Фатҳуллоев барои рафтори ғайриварзишӣ баргаи сурх нишон дода, ӯро аз майдон хориҷ кард.

Манбаъ гуфт, замони асосӣ ва 30 дақиқаи изофии қувваозмоӣ бо ҳисоби баробари 0-0 анҷом ёфт. Дар марҳилаи зарбаҳои 11-метрӣ, мунтахаби Фаластин бо ҳисоби 4:3 пирӯз гардида, Ҷоми тиллоии Бангабанду, медалҳои тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 50 ҳазор долларро соҳиб шуд.

Тими Тоҷикистон барои ҷойи дуюм ҷоми хотиравӣ, медалҳои нуқра ва 25 ҳазор долларро гирифт.

Кумитаи тадорукоти мусобиқа дарвозабони тоҷик,  Рустам Ризоевро беҳтарин дарвозабони мусобиқаи “Bangabandhu Gold Cup” эътироф намуда, ҷоиза тақдим кард.

Ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Комрон Турсунов бо ду гол дар ин мусобиқа беҳтарин нишонзан эътироф шуд.

259