Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қабл аз муҳориба бо Макгрегор

Шоҳи ҷангал манам: Ҳабиб Мэйуэзерро ба муҳориба хонд (ВИДЕО)

1477
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори доғистонӣ, муштзани маъруф, Флойд Мэйуэзери хурдиро ба муҳориба даъват кард

ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Нурммуҳаммадов, қаҳрамони ҳунарҳои размии омехта гуфт, омодаи қувваозмоӣ бо Мэйуэзер аст ва таъкид намуд, ки ҷангал танҳо як шоҳ дорад.

“Биё, ман омодаи сабқатам, 50  пирӯзии ту зидди 27 пирӯзии ман, ду нафаре, ки бохте надоранд. Чаро не!? Дар ҷангал танҳо як шоҳ аст ва он манам, чун ту натавонистӣ Макгрегорро аз пой занӣ, аммо ман ба осонӣ инро анҷом додам”, - гуфт Нурмуҳаммадов дар наворе, ки Леонард Эллербӣ, роҳбари  Mayweather Promotions  дар саҳифаи Instagram нашр кардааст.

Нурмуҳаммадов ҳафтаи гузашта, дар доираи мусобиқаи UFC 229, Конор Макгрегорро дар ҳунарҳои размии омехта шикаст дода, унвони қаҳрамонияшро ҳифз кард.

Мэйуэзери хурдӣ низ моҳи августи соли 2017 дар муштзанӣ Макгрегорро шикаст дода буд.

1477