Тӯб, акс аз бойгонӣ

Ҷадвали бозиҳо барои Ҷоми Осиё бо иштироки тими Тоҷикистон

94
Рӯзи 18 октябр дар Индонезия мусобиқаи Ҷоми Осиё-2018 миёни ҷавонони то 19-сола оғоз ёфт, ки тими Тоҷикистон дар он иштирок мекунад

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, барои 4 роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2019 16 даста талош мекунанд.

Тими ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия мебошанд. Бозии аввали тими ҷавонони мо 20 октябр сурат мегирад.

Ҳарифи шогирдони Мубин Эргашев тими ҷавонони Чин аст. Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, вақти оғози бозӣ – соати 17:00 бо вақти Душанбе мебошад.

Ҷоми Осиё-2018 миёни ҷавонон (U-19)

Гурӯҳи “D”

Даври 1-ум

20 октябр (шанбе)

14:00. Арабистони Саудӣ – Малайзия

17:00. ТОҶИКИСТОН – Чин

Даври 2-юм

23 октябр (шанбе)

14:00. Чин – Арабистони Саудӣ

17:00. Малайзия – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм

26 октябр (ҷумъа)

17:00. Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

17:00. Чин – Малайзия

94