Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи Регар ТадАЗ, аз чап

Ҷанг гуноҳи як тараф нест: ФФТ бозигарон, сармураббӣ ва “массажист”-ро ҷазо дод

370
Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Тоҳир Нурзода бетартибиҳои охир дар майдонҳои футболи кишварро баррасӣ карда, гунаҳкоронро ҷазо дод

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар пайи баррасии занозании 17 октябр, ки баъди сабқати дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” дар шаҳри Турсунзода сурат гирифт, сармураббии тими “Регар-ТадАЗ”, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев барои нақзи Кодекси интизом аз ҳаққи иштирок дар 10 бозӣ маҳрум гардида, ба андозаи 2500 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Инчунин барои таниши гуруҳӣ, ки миёни бозигарони ин ду даста сурат гирифт, Фирӯз Раҳматов, футболбози дастаи “Регар-ТадАЗ” аз ҳаққи иштирок дар 5 бозӣ маҳрум гардида, ба пардохти 1000 сомонӣ ҷарима муваззаф шуд.

Нисбати бозигарони дастаи “Регар-ТадАЗ”, Саидамири Саидаҳмад – маҳрумият аз 5 бозию 500 сомонӣ ҷарима,   Наврӯз Рустамов – 3 бозӣ ва 500 сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.

Кумитаи интизом бархе аз бозигарони дастаи меҳмон – “Хуҷанд”-ро низ дар ҷанҷоли гуруҳӣ баъди бозӣ дар майдони Турсунзода гунаҳкор дониста, барои нақзи кодекс нисбати футболбоз Манучеҳр Аҳмадов-маҳрумият аз 3 бозию 1000 сомонӣ ҷарима ва нисбати “массажист”, ё худ маҳсгари тим – Давронбек Ҷӯраев маҳрумият аз ҳаққи иштирок дар 10 бозию 1000 сомонӣ ҷарима татбиқ намуд.

Дастаи  “Хуҷанд” барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон 17 октябр  дар варзишгоҳи “Талко – Арена”-и шаҳри Турсунзода тими мизбон “Регар-ТадАЗ” – ро бо ҳисоби 1:0  шикаст дод. Дар пайи анҷоми бозӣ дар майдон таниши гуруҳӣ ва занозанӣ сурат гирифтааст.

Мухлисони тими Хуҷанд мегӯянд,  дар ин таниш сармураббии дастаи мизбон Ҳабибуллоев гунаҳкор буд ва аз ФФТ хоҳиш намуданд, ки дастандаркорон ҷазо гиранд, то чунин ҳодисаҳо такрор нашаванд.

370