Шахриер Даминов победитель азиатских игр по байдарке в Самарканде

Медали тиллои қаиқрони тоҷик Шаҳриёр Даминов дар қаҳрамонии Осиё

63
(Таҷдидшуда 15:37 23.10.2018)
Дар чемпионати қаиқронии Осиё дар шаҳри Самарқанд миёни ҷавонони то 23-сола варзишкорони тоҷик ду медал гирифтанд

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik.  Қаиқрони тоҷик Шаҳриёр Даминов дар қаҳрамонии Осиё медали тилло гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шаҳриёр Даминов дар қувваозмоии қайиқронӣ дар каноэи якнафара ба масофаи ҳазор метр сазовори медали тилло шудааст.

Ҷои дуюмро варзишкори узбакистонӣ ва мақоми севумро қаиқроне аз Эрон гирифтаанд.

Шаҳриёр Даминов, ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи ҳазор метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ёдрас мешавем, ки Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё доир ба қайиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Узбакистон бо иштироки беш аз 300 нафар варзишкорон аз 15 давлати Осиё 20 октябр оғоз гардида, то 25 октябри соли равон идома меёбад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи мазкур 23 варзишкор муаррифӣ мекунанд.

63
Барчаспҳо:
Самарқанд, Узбакистон, варзишкор, Тоҷикистон