Супоридани мукофотпулӣ ба ҷоизадорони Бозиҳои Осиё - 2018 аз ҷониби Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов

Шамсулло Соҳибов аз номи Президент ба варзишгарон маблағ дод

1664
Шамсулло Соҳибов, соҳибкори тоҷик ва Абдуллозода Аҳтам, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ки ҳар дуяшон муовини президенти Кумитаи миллии олимпӣ мебошанд, имрӯз ҷаласаи навбатиро баргузор карданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи милли олимпӣ, дар оғоз Шамсулло Соҳибов ҷоизадорони Бозиҳои Осиё -2018-ро, ки аз 18 август то 2 сентябр дар давлати Индонезия баргузор шуд, шодбош гуфта, изҳор доштааст, ки Бозиҳои Осиё баъд аз Бозиҳои олимпӣ яке аз бонуфузтарин чорабинии варзишӣ мебошад.

Ӯ изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба ин бозиҳо як ҳайати 105 нафариро равон карда, фақат аз ҳисоби Кумитаи миллии олимпӣ барои сафарбар кардани 50  варзишгару мураббӣ беш аз як миллион сомонӣ хароҷот карда шуд.

Варзишгарони тоҷик аз рӯи 17 намуди варзиш дар бозиҳо иштирок карда, ба гирифтани 7 медал – 4 нуқра, 3 биринҷӣ шарафёб шуданд.

Медалҳои нуқраро Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ, Шаҳриёр Даминов дар намуди қайиқронӣ, Беҳрӯз Хоҷазода дар намуди кураш, Умед Ҳасанбеков дар намуди самбо, медалҳои биринҷиро Комроншоҳ Устопириён дар намудҳои ҷудо ва самбо, Шакармамад Мирмамадов дар намуди ҷудо сазовор шуданд.

Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, зимни ҷаласа бо нигаронӣ қайд карда шуд, ки Федератсияи байналмилалии самбо варзишгари тоҷик Умед Ҳасанбековро барои истифодаи доруҳои мамнуъ (допинг) муттаҳам кардааст.

Манбаъ афзуд, ки дар баробари Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон, ки охири сол тақдим мешавад, ба ҷоизадорони Бозиҳои Осиё сипоснома ва мукофотпулӣ дода шуд.

“Барандагони медали нуқра дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт карданд”, - омадааст дар иттилоия.

Аъзои Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ инчунин масъалаҳои дигарро баррасӣ карда, рӯйхати варзишгарон барои дарёфти дастгирии молиявиро барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 тасдиқ кардааст.  

Кумитаи миллии олимпӣ рӯйхати нави варзишгарон барои дарёфти дастгирии молиявӣ барои Бозиҳои олимпии Токио-2020 тасдиқ намудааст, ки чунин аст:

1. Назаров Дилшод (варзиши сабук) – 1000 доллари ИМА;

2. Даминов Шаҳриёр (қайиқронӣ) – 800 доллари ИМА;

3. Устопириён Комроншоҳ (ҷудо) – 700 доллари ИМА;

4. Хоҷазода Беҳрӯз (ҷудо) – 600 доллари ИМА;

5. Раҳимов Темур (ҷудо) – 500 доллари ИМА;

6. Боқиев Суҳроб (ҷудо) – 300 доллари ИМА;

7. Маҳмадбеков Сомон (ҷудо) – 300 доллари ИМА;

8. Қаландарова Шоҳида (ҷудо) – 300 доллари ИМА;

9. Ҳалимова Моҳру (таеквондо) – 300 доллари ИМА;

10. Климик Карина (шиноварӣ) – 200 доллари ИМА;

11. Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук) – 200 доллари ИМА;

12. Мунира Бобоҷонова (қайиқронӣ) – 200 доллари ИМА;

13. Саидҷон Гулов (гуштини озод) – 200 доллари ИМА;

14. Мадина Мадкаримова (таеквондо) – 200 доллари ИМА;

15. Абдулҳаев Суҳроб (куштии юнонӣ-римӣ) – 200 доллари ИМА.

Манбаъ афзуд, ки варзишгарони номбаршуда баъд аз мувофиқа бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз моҳи январи соли 2019 то сентябри соли 2020 ба гирифтани дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ мушарраф мешаванд. 

1664
Барчаспҳо:
Ҳамбастагии олимпӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, варзиш, Тоҷикистон